Пайвандҳои дастрасӣ

Фармондеҳи нируҳои ҳавоии Озарбойҷон кушта шуд


Дирӯз дар Боку генерал Раил Ризоев, фармондеҳи нируҳои ҳавоии Озарбойҷон кушта шуд. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҳангоме, ки вай аз хонааш берун мерафт, афроди мусаллаҳи номаълум ба сараш тир холӣ кардаанд. Вай аз соли 1992 то ҳол фармондеҳии нируҳои ҳавоии Озарбойҷонро бар ӯҳда дошт. Наҷмиддин Содиқов, раиси ситоди нируҳои мусаллаҳи Озарбойҷон гуфтааст, вай маълумоте надорад, ки сабаби ин куштор чӣ буда метавонад.
XS
SM
MD
LG