Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаҳои Кобул 26 нафар кушта шудаанд


Вазорати сиҳати оммаи Афғонистон мегӯяд, дирӯз дар натиҷаи ҳамлаи тундравҳо ба биноҳои давлатӣ дар Кобул 26 нафар кушта шудаанд. Сухангӯи ин вазорат гуфтааст, ки 55 нафари дигар дар ин ҳамлаҳо ҷароҳат бардоштаанд. Дар яке аз чунин ҳамлаҳо чанд тундрав бо камарбандҳои мунфаҷира вориди вазорати адлия шудаанд. Ду ҳамлакунанда бо тири посбонон кушта шудаанд, вале ду нафари дигар худро мунфаҷир сохтаанд.

XS
SM
MD
LG