Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тавофуқи раҳбарони Конгресс роҷеъ ба санади танзим


Рӯзи чаҳоршанбе раҳбарони Конгреси Амрико эълон карданд, ки онҳо роҷеъ ба барномаи 789 миллиарддолларии танзими иқтисодӣ ба тавофуқ расидаанд. Барак Обама, раисҷумҳури Амрико мегӯяд, ин барнома барои эҷоди миллионҳо ҷои кори нав ва раҳоии иқтисод аз бӯҳрон зарур аст. Нусхаи ниҳоии ин санад мумкин аст дар рузҳои оянда дар Сенат ва Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико ба тасвиб расад ва барои имзо ба Барак Обама фиристода шавад.

XS
SM
MD
LG