Пайвандҳои дастрасӣ

М. Муттакӣ ба равобити Эрону Амрико хушбин аст


Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Эрон мегӯяд, вай хушбин аст, ки вазъ дар Ховари Миёна беҳбуд хоҳад ёфт, агар Барак Обама., раисҷумҳури Амрико ба ваъдаҳое, ки дар маъракаи қабл аз интихоботиаш дода буд, иҷро шавад. Муттакӣ ин суханони худро дар ҷараёни боздидаш аз Бағдод, пойтахти Ироқ баён дошт. Як рӯз пеш аз ин боздид Маҳмуд Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон гуфт, кишвараш ба музокира бо Амрико омода аст, агар ин музокирот бар пояи эҳтироми дуҷониба сурат бигирад.

XS
SM
MD
LG