Пайвандҳои дастрасӣ

Порламони Қирғизистон баррасии Манасро ба таъвиқ андохт


Дар Қиризистон Ҳизби Сотсиал-Демократи мухолифи давлат мегӯяд, баррасиҳои порлумонӣ дар бораи бастани пойгоҳи низомии Амрико дар фурудгоҳи Манас ин ҳафта баргузор нахоҳад шуд. Ҳамзамон, сухангӯи порлумони Қирғизистон эълон кардааст, ки Кадирбек Сарбаев, вазири хориҷаи ин кишвар наметавонад дар ин баррасиҳо ширкат кунад, ба ҳамин далел баррасии ин масъала ба таъвиқ меафтад. Исҳоқ Масалиев, раиси Ҳизби Коммунисти Қирғизистон гуфтааст, ҳукумати Қирғизистон бояд қарордодҳои ҳамкориро бо 11 кишвар лағв кунад, зеро ин кишварҳо узви эътилофи нируҳои зидди террор ба шумор мераванд ва аз пойгоҳи Манас истифода мекунанд.

XS
SM
MD
LG