Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оппозитсиюни Қирғизистон аз тасмими Боқиев розӣ нест


Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистон эълон кардааст, ки вай соли оянда бори дигар номзадии худро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешбарӣ мекунад. Боқиев соли 2005 баъд аз Инқилоби Лолаӣ раисҷумҳур интихоб шуд. Дар натиҷаи ин инқилоб Аскар Оқоев, раисҷумҳури пешин аз мақомаш барканор шуд. Топчубек Турғуналиев, раҳбари Комиссияи иҷтимоии зидди фишор ба радиои Озодӣ гуфт, тасмими Қурмонбек Боқиев дар бораи пешбарии дубораи номзадиаш иштибоҳ аст. Турғуналиев гуфт, сиёсатмадороне, ки дар фаъолияташон ба дастовардҳо ноил шудаанд, метавонанд дубора номзади раёсати ҷумҳурӣ шаванд, вале дар мавриди Боқиев намешавад чунин гуфт. Мирослав Ниёзов, собиқ дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон гуфт, агар Боқиев номзадиашро пешбарӣ кунад, дар кишвар нооромиҳо сар мезанад.

XS
SM
MD
LG