Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салафия дар Қазоқистон ба мушкил дучор мешавад?


Алнур Мӯсоев, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон мегӯяд, мумкин аст пайравони равияи Салафия дар ин кишвар мавриди фишору пайгард қарор бигиранд. Мӯсоев, ки ҳоло дар ғурбат дар яке аз кишварҳои аврупоӣ ба сар мебарад, ба радиои Озодӣ гуфт, ҳар гурӯҳи мазҳабӣ, ки дар Қазоқистон мисли Салафия ба таври ҷиддӣ аз шариъат пайравӣ мекунад, таҳти фишор қарор мегирад. Рӯзҳои наздик ҳудуди 200 нафар аз пайравони Салафия, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Чех ба сар мебаранд, мумкин аст аз ин кишвар депорт шаванд, зеро мақомоти зидахли Чех намехоҳанд додани ҳаққи паноҳандагӣ ба онҳоро баррасӣ кунанд. Дар Тоҷикистон моҳи январ фаъолияти гурӯҳҳои Салафияро мамнӯъ эълон карданд.

XS
SM
MD
LG