Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмон: Бӯҳрони Афғонистон ҳали низомӣ надорад


Дирӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Бруссел бо Ҳовиер Солоно, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва бо Яап де Ҳуп Скеффер, дабири кулли НАТО дидор ва гуфтугӯ кард. Вай дар ин мулоқотҳо таъкид кард, ки ҳалли бӯҳрони Афғонистон ба бозсозии иқтисод ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоъӣ вобаста аст. Саймӯъмин Ятимов, сафири Тоҷикистон дар Белгия гуфт, ҷониби Тоҷикистон дар ин мулоқотҳо изҳор дошт, ки омода аст, то барои ҳамлу нақли коло ва мавод ба Афғонистон аз қаламрави кишвараш ба нируҳои НАТО кӯмак кунад. Ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки миёни Тоҷикистону Афғонистон бар рӯи рудхонаи Панҷ пулҳои нав сохта шаванд. Оқои Раҳмон ҳафтае пеш дар шаҳри Душанбе дар мулоқот бо сафири Амрико дар Тоҷикистон низ пешниҳод кард, ки миёни Тоҷикистону Афғонистон як хати ирсоли кӯмакҳо боз шавад.

XS
SM
MD
LG