Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаҳои омӯзишӣ бо кӯмаки Иттиҳоди Аврупо


Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи кумитаи раҳбарии тарҳи "Ҳимоят аз омӯзиши касбӣ дар Тоҷикистон" баргузор мешавад. Ин тарҳ аз сӯи Иттиҳоди Аврупо сармоягузорӣ мешавад. Дар ин бора вазорати маориф ба матбуот хабар додааст. Дар марҳалаи дуввуми иҷрои ин тарҳ, ки "Таҷдиди барномаҳои таълимӣ ва омӯзиш додани омӯзгорон" ном дорад, чаҳор барномаи санҷишӣ дар назар гирифта шудааст. Ин барномаҳо бо назардошти бозори кор дар Тоҷикистон таҳия мешавад.

XS
SM
MD
LG