Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ИА ба ҳалли баҳси Тошканду Душанбе кӯмак карданист


Пйер Морел, фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ

Пйер Морел, фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо омодааст, ба ҳалли ихтилоф миёни Узбакистону Тоҷикистон дар масъалаҳои обу энержӣ мусоидат кунад, аммо дар ин баҳс нақши миёнаравро касб нахоҳад кард.

Ба гуфтаи намояндагони аршади созмон, Иттиҳоди Аврупо дар ин масъала метавонад, ёрирасон ва кӯмаккунандаи ҳарду тараф бошад ва коршиносон бархӯрди боэҳтиёти Брусселро ба маҳдудияти таъсири он дар Осиёи Марказӣ ва андеша аз нуфузи Русия дар ин минтақа бастагӣ медиҳанд.

Пйер Морел, фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ дар як гуфтугӯи телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, Иттиҳоди Аврупо таҷрибаи кофие дорад, ки барои Узбакистон ва Тоҷикистон бо назардошти манофеъи ҳар яки онҳо, роҳҳои қобили қабул пешниҳод намояд: "Мо ҳалле аз берун надорем. Аммо таҷрибае дорем, ки метвонем қисмат кунем ва барномаҳои бунёдие дорем, ки ба фаҳмиши беҳтари масъалаҳои обу энержӣ дар минтақа мусоидат мекунанд."

Ҷаноби Морел афзуд, тамоми ҷиддияти масъала дар Бруссел ба хубӣ дарк мешавад ва Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, сатҳи низоъангезии ин мушкилро коҳиш дода, кишварҳои болооб ва поёнобро ба ҳамкории минтақаӣ моил гардонад.

Кристина Галлах, сухангӯи Ҳавйер Солана, масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ба радиои Озодӣ гуфт, пас аз маълумоти комиле, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Солана дар миён гузошт, муносибати Иттиҳоди Аврупо ба масъала боз ҳам ҷиддитар шудааст: "Ҳоло, мусалламан, мо чӣ будани асли масъаларо беҳтар мефаҳмидагӣ шудем ва мехоҳем бубинем, бо таҷрибае, ки дорем ва бо фишангҳои дипломатии худ чӣ гуна мешавад, вазъро сабуктар кард. Дипломатия дар ин ҷо муҳимтар аст ва мусалламан, мо омодаем, ба ҳалли ин рӯёрӯии бисёр бунёдӣ мусоидат кунем."

Хонуми Галлах афзуд, ҳоло наметавонад, аз ин дида муфассалтар сӯҳбат кунад ва суханони умумии ӯ метавонад, хулосаеро ба миён орад, ки шояд Иттиҳоди Аврупо ҳалли омодае надорад. Аммо Пйер Моррел, фиристодаи вижаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ мегӯяд, бархе аз ангораҳои мавзеъгирии иттиҳод ҳанӯз дар моҳи декабри соли гузашта дар конфаронси "Об ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ" дар Ишқобод омода шудаанд. Ин пешниҳодҳо нахуст муносибати мавзуни тарафҳоро дар назар доранд ва сипас, Узбакистон, ки ними оби воридмешударо барҳадар медиҳад, бояд идораи захираҳои обро беҳтар кунад ва Тоҷикистон аз сохтмони нерӯгоҳҳои азим даст бардошта, рӯ ба силсилаи нерӯгоҳҳои хурдтар оварад.

Бахши аввали ин мавзеъгирӣ ба суханони президенти Тоҷикистон дар порлумони Аврупо рабт мегирад, ки гуфт, 60 дарсади оби минтақа аз кӯҳҳои Помир сарчашма мегирад, аммо аз он ҷо ки 93 дарсади Тоҷикистон кӯҳистон буда, заминҳои обталаб зиёд нест, ин кишвар ҳамагӣ 5 дарсади ин обро истифода мекунад.

Вале пешниҳоди даст кашидан аз бунёди нерӯгоҳҳои бузурги шабеҳи Роғун зоҳиран бештар ба манфиати Узбакистон ҳамсадо хоҳад буд. Зимнан дар Иттиҳоди Аврупо изҳороти президент Медведевро дар Узбакистон фақат ёдоварии усул ва қоидаҳои умумӣ мешуморанд, ки намебоист, заминаи ихтилофот ва моҷарои дипломатӣ мешуд. Ҳамзамон инро ҳам эътироф мекунанд, ки фишори Узбакистон ба Тоҷикистон, яке аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон, фақат аз мухолифат ба бунёди Роғун сарчашма намегирад. Бо ҳифзи чунин мувозанат Иттиҳоди Аврупо мехоҳад, ба ҳарду кишвар бо як чашм нигарад ва ин давлатҳо низ ба он муносибати ҳамсон дошта бошанд. Аммо Йос Бунстра, коршинос аз маркази таҳлилии Мушоҳидаи равобити Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мегӯяд, иттиҳод он таъсиреро ба минтақа надорад, ки Русия дорад: "Нақши Русия дар ин ҷо ҳалкунандатар аст ва ҳарду, ҳам Тошканд ва ҳам Душанбе ба он хоҳанд нигарист, ки Медведев чӣ тасмим хоҳад гирифт."

Пас оё то куҷо Иттиҳоди Аврупо дар изҳори назарҳо ва мавзеъгириҳои марбут ба ихтилофи обу энержӣ дар Осиёи Марказӣ бо гӯшаи чашм ба Маскав менигарист? Коршиноси Маркази омӯзиши сиёсатҳои Аврупо дар Бруссел Нафиса Ҳасанова мегӯяд, саромадони Аврупо дар ин бобат ду дастаанд. Бахше аз онҳо хостори машварати пайваста бо Маскав дар ин масъалаҳост, аммо бахши дигар аз истиқлоли иттиҳод дар муносибат бо Осиёи Марказӣ пуштибонӣ мекунад.

Бону Ҳасанова нақши эҳтимолии Аврупоро ба хости кишварҳои минтақа ва пойбандии онҳо ба Русия низ бастагӣ медиҳад: "Ман фикр мекунам, Русия ба ҳар ҳол дар Осиёи Марказӣ нақши бузургтаре дорад ва кишварҳои минтақа, президентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ ба худ иҷоза нахоҳанд дод, ки хасми Русия бошанд ва агар Иттиҳоди Аврупо ба мавзеъгирии Русия эътино накунад ҳам, худи ин кишварҳо талош хоҳанд кард, ки ҳамсояи бузурги худро ба хашм наоранд."

Қарор аст, пас аз боздидҳои аврупоӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафари дар аввали моҳ лағвшудааш ба Маскавро дубора дар пеш бигирад ва дар Кремлин бо президенти Русия Дмитрий Медведев мулоқот кунад. Ба ақидаи ҳарду коршинос ҳам Ҳасанова ва ҳам Бунстра Иттиҳоди Аврупо низ ин гуфтушунидро думбол хоҳад кард ва тасмимҳои баъдияш дар ҳалли ихтилоф ба хотири таҳкими ҳамкориҳои минтақаӣ ба натиҷаҳои нишасти Маскав низ бастагӣ хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG