Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳоле ки кишварҳо тамоми талошро ба хотири аз панҷаи бӯҳрони саросарии иқтисодӣ раҳонидани иқтисоди кишварҳои худ ба харҷ медиҳанд, аз ҳар гӯша таъбири “протексионизм”, ё худ ҳимоят аз маҳсулоти ватанӣ бештар ба гӯш мерасад. Вақте иқтисоди кишвар рӯ ба рукуд меорад, одатан аввалин коре, ки давлатҳо мекунанд, ҳамин ҳимоят аз тавлидоти дохилист. Раҳбарони кишварҳо аз мардум даъват мекунанд, дар муқобили молҳои хориҷӣ ба харидории маҳсулоти ватанӣ бартарӣ диҳанд. Давлатҳо болои молу колои аз хориҷ воридшуда боҷу хироҷи бештар низ меандозанд, ки нархаш назар ба молҳои ватанӣ дар бозор гаронтар шавад. Аммо чунин сиёсат то куҷо ба эҳёи иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад ва оё чӣ хатарҳое зери сиёсати “протексионизм” нуҳуфта аст?

Чарлз Рекнегел

Бӯҳрони саросарии молӣ кишварҳоро ҳарчӣ бештар маҷбур мекунад, даст ба протексионизм бизананд ва барои маҳсулоти худӣ дар бозор шароити пуримтиёзтаре фароҳам созанд.

Давлати Русия, барои мисол, ба корхонаҳои мошинсозии кишвар ваъдаи беш аз 2 миллиард доллар сармоя карда, воридоти мошинҳои сохти хориҷиро тавассути боло бурдани боҷу хироҷи гумрукӣ маҳдуд кардааст.

Дар Бритониё ҳазорон нафар алайҳи тасмими як ширкат, ки истихдоми коргарони хориҷиро назар ба бритониёиҳо бартарӣ додааст, даст ба тазоҳуроти эътирозӣ заданд.

Маҷлиси намояндагони Конгресси Амрико мехоҳад, дар тарҳҳои иҷтимоие, ки бар пояи маболиғи барномаи давлатии кӯмак ба иқтисод иҷро хоҳанд шуд, фақат ва фақат оҳану пӯлоди сохти худи ин кишвар истифода шавад.

Чунин намунаҳо тарси кишварҳои дигарро дар мавриди эҳтимоли аз бозори фурӯш маҳрум шудани молу колои онҳо ба вуҷуд оварда, кишварҳоро ба иттихози иқдомоти ҷавобӣ таҳрик медиҳад. Ва дар пасманзари ин ҳама таҳаввулот як суоли аслӣ ин аст, ки оё дар шароити бӯҳрони саросарӣ давлатҳо бояд пеш аз ҳама ба чӣ бартарӣ диҳанд: ба ҳимоят аз иқтисоди худ ваё ба ҳалли муштараки мушкил? Суоле, ки посухаш чандон содаву осон ба назар намеояд.

Чарлз МакМиллон, иқтисодшинос ва раҳбари Хадамоти иттилоотии мавсум ба Эм Бӣ Ҷӣ дар Амрико, протексионизмро дар амри наҷоти иқтисоди Амрико як амри табиӣ медонад ва мегӯяд, давлат бояд дар иҷрои тарҳҳои иҷтимоӣ танҳо аз маҳсулоти ватанӣ истифода барад:

“Харидории маҳсулоти сохти Амрико ба сабуктар шудани фишори пойинравии нархҳо, ки феълан дар тамоми бозорҳои мушоҳида мешавад, мусоидат хоҳад кард. Аксари ширкатҳо пули худро аз даст медиҳанд ва хеле ба сахтӣ роҳи наҷот меҷӯянд. Онҳо талош доранд, тавассути дарёфти ёронаҳову қарзҳо маҳсулоти худро бо нархи ба таври ғайри қобили тасаввур арзон ба фурӯш бизананд.”

Тайи 14 моҳе, ки иқтисоди Амрико дар панҷаи бӯҳрон ва дар ҳоли пасрафт қарор дорад, ҳудуди 3 миллиону 600 ҳазор нафар амрикоӣ аз ҷойи кор маҳрум шудаанд.

Чарлз МакМиллон протексионизмро ба хотири рафъи таносуби манфии тиҷорати хориҷии Амрико, ки як иллати таркидани бузургтарин иқтисоди дунё шинохта мешавад, низ амри лозим медонад. Ӯ мегӯяд, амрикоиҳо ҳар рӯз барои харидории молу колои хориҷие, ки тавлидаш дар худи Амрико мумкин аст, қариб 2 миллиард доллар сарф мекунанд.

Як таъминкунандаи аслии бозори Амрико ва хеле аз бозорҳои дигари ҷаҳон Чин аст. Вале ҳаҷми содироти Чин дар моҳи январ назар ба як соли пеш 17,5 дарсад коҳиш ёфта, ин кишвар дар посух шадидан ба кам кардани воридоти маҳсулот аз хориҷ иқдом кардааст.
Ва аммо танҳо давлатҳо нестанд, ки амал кардан дар чаҳорчӯби кишвари худ ва ба фоидаи корхонаҳои худиро афзал мешуморанд. Бӯҳрони молӣ ширкатҳо ва ба вижа бонкҳоро, ки дар тасмимгирӣ мустақиланд, ба тадриҷ маҷбур мекунад, харитаи фаъолияти худро ҷиддан маҳдуд кунанд.

Сарвазири Бритониё Гордон Браун ахиран дар анҷумани ҷаҳонии иқтисодӣ дар Давос гуфт, бонкҳои бӯҳронзада акнун сармояҳои худро аз кишварҳои хориҷӣ берун кашида, ба фаъолиятҳо дар дохили кишвари худ тамаркуз мекунанд:

“Кишварҳое, ки бонкҳои хориҷӣ ба онҳо сармоягузорӣ мекарданд, дар ҳоли ҳозир шоҳиди хуруҷи ин сармояҳо шудаанд. Агар ин ҳол идома ёбад, мо ба шакли нави протексионизм рӯбарӯ хоҳем шуд, ки бонкҳо ба кишварҳои аслии худ бармегарданд ва имконот дар саросари ҷаҳон пойин меравад.”

Бино бар пешбинии Пажӯҳишгоҳи байналмилалии молия, имсол сармоягузории хусусӣ ба бозорҳои дар ҳоли рушд башиддат коҳиш ёфта, ҳамагӣ 165 миллиард долларро ташкил хоҳад дод. Яъне қариб 6 маротиба камтар аз нишондоди рекордии соли 2007-ум, ки ба бозорҳои дар ҳоли рушди дунё ҳудуди 929 миллиард доллар сармояи хусусӣ рехта буд.
XS
SM
MD
LG