Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чӣ гуна ИМА пойгоҳаш дар Қирғизистонро аз даст дод?


Дар шумораи ахири нашрияи "Интернешенел Ҳералд Трибюн" шореҳи амрикоӣ Александр Кулӣ аз Ню Йорк навиштааст, ки қарори бастани пойгоҳи ИМА дар "Манас" барои масъулони нави сиёсати хориҷии Амрико хабари ногаҳонӣ набуд. Сар аз соли 2001-ум, яъне аз замони таъсисаш ин пойгоҳ на саҳми Қирғизистон дар амалиёти Афғонистон, балки воситаи ҳалли мушкилиҳои иқтисодии Қирғизистон арзёбӣ мешуд.

Шореҳ Александр Кулӣ дар рӯзномаи "Интернешенел Ҳералд Трибюн" (International Herald Tribun) менависад робитае, ки замоне чун имкони даромади иқтисодӣ роҳандозӣ шуда буд, билохира бо сабабҳои молӣ хотима меёбад.

Ба гуфти номбурда, аз даст додани пойгоҳи Манаси канори шаҳри Бишкек дар кӯтоҳмуддат мушкили нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистонро афзун мекунад, вале нархе, ки ҷониби қирғиз дар муқобили иҷораи пойгоҳ тақозо дорад, қобили қабул нест.
Муаллифи мақола дар нашрияи International Herald Tribun менависад, дар соли 2001-ум созишномаи иҷораи Манас бо мақомоти ин фурӯдгоҳ имзо шуда буд, ки назорати онро афроди наздики президенти ҳамон вақтаи қирғиз Аскар Оқоев бар дӯш доштанд ва садҳо миллион долларе, ки ҳамчун ҳаққи иҷора, сӯзишворӣ ва дигар хадамоти фурӯдгоҳ аз ҷониби Амрико пардохт мешуд, дар ҳисобҳои бонкии ақрабои президент Оқоев дар берун аз хоки Қирғизистон бе ному нишон мегардид.

Кулӣ идома медиҳад, ки баъди барканоршавии Оқоев дар соли 2005-ум ҳам ҳукуматдорони нави қирғиз аз ҷумла президенти ин кишвар Қурмонбек Боқиев талаб карданд, ки ҳаққи иҷораи фурӯдгоҳ аз 2 миллион доллар то 200 миллион доллари Амрико боло бурда шавад. Бар илова онҳо дархост менамуданд, ки пули ба хешовандони Оқоев пардохтшуда аз эътибор соқит ва ҳамчун қарзи ИМА эътироф гардад.

Шореҳи International Herald Tribun идома медиҳад, ки дар моҳи июли соли 2006-ум ИМА ва Қирғизистон мувофиқат карданд, ки иҷораи солонаи Манас то 18 миллион доллар боло бурда шавад. Ҳамзамон ИМА дар чорчӯби барномаҳои мухталиф солона ба Қирғизистон ба маблағи 150 миллион доллар кумак мерасонд.

Аммо дар айни замон ИМА эътироф накард, ки ин маблағ ҳаққи иҷораи Манас аст.

Дар идомаи мақола Александр Кулӣ куштори шаҳрванди Қирғизистон дар назди даромадгоҳи пойгоҳи Манасро ба ёд оварда, навиштааст, ки инъикоси ин тасодуф дар матбуот ҷомеаи Қирғизистонро нороҳат карда буд, зеро сарбозе, ки ронандаи қирғиз бо номи Ивановро ба ҳалокат расонд, дар назди додгоҳи ин кишвари Осиёи Марказӣ ҷавоб надод.

Муаллифи мақола дар International Herald Tribun таъкид кардааст, ки ваъдаи ду миллиард доллар кумаки Русия ба Қирғизистон, ки мувофиқати он дар поёни нишасти раҳбарони Русияву Қирғизистон ҳосил шуд, Боқиевро ба лағви созиш бо амрикоиҳо ташвиқ кард.
Шореҳ Кулӣ бар ин назар аст, ки сарфи назар аз имконоти васеи ИМА дар муқоиса бо ёриҳои Русия Вашингтон набояд барои ҳифзи ҳузураш дар "Манас" музояда кунад.

Кулӣ ба ёд меорад, ки соли 2004-ум ҳамин гуна ваъдаи кумакро Русия ба тоҷикистон ҳам карда буд, вале бахши бузурги он фақат дар рӯи коғаз монд.

Муаллифи мақола дар International Herald Tribun мегӯяд, бидуни ҳузури амрикоиҳо дар Манас Қирғизистон дар муомила бо Русия фишанги бузурги таъсирро аз даст медиҳад. Ӯ меафзояд, ки дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ: Туркманистон, Узбакистон ва Тоҷикистон бо мизбонии нерӯҳои эътилоф имкон меёбанд, ки саҳми худ дар ҷанг бо террорро афзоиш дода, марзҳояшон бо Афғонистонро оромтар намоянд.
XS
SM
MD
LG