Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли вакили маҷлис ва боздиди Ҳолбрук аз Покистон


Дар паи таркиши бомбае дар шимолуғарби Покистон имрӯз як вакили маҷлиси маҳаллӣ ба ҳалокат расид. Алам Заиб, ки узви як ҳизби дунявии маҳаллӣ буд, бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш ҷон дод. Ин ҳодиса дар Пешавар, маркази минтақаи Шимолуғарбии Покистон рӯй дод. Ҳашт нафари дигар, аз ҷумла муҳофизон ва ронандаи вакили маҷлис маҷрӯҳ шуданд. Ҳодисаи мазкур дар соатҳое рӯй дод, ки фиристодаи вижаи ИМА дар Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрук имрӯз аз манотиқи қабиланишини Покистон дар шимолу ғарби ин кишвар дидан мекард. Ҳолбрук дар Покистон бо ҳадафи арзёбии ҳамаҷонибаи стратегияи Амрико зидди Толибон ва Ал-Қоида қарор дорад. Вай баъди ошноӣ бо пойгоҳи низомии амрикоиҳо дар марз бо Афғонистон ба Пешавар рафт.
XS
SM
MD
LG