Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари Тополанек ба кишварҳои соҳили баҳри Каспий


Нахуствазири Ҷумҳурии Чех Мирек Тополанек ният дорад ҳафтаи ҷорӣ дар ҷараёни сафаре аз кишварҳои ғанӣ аз энержии соҳили баҳри Каспий, яъне Қазоқистон, Туркманистон ва Озарбойҷон дидан карда бо раиси ҷумҳуриҳои ин кишварҳо мулоқотҳо доир кунад. Тополанек, ки кишвараш раҳбарии давраии Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда дорад, ният дорад бо Нурсултон Назарбоев рӯзи 12 феврал дар Остона ва дар рӯзҳои дигар бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Илҳом Алиев дидору мулоқот кунад. Дар меҳвари гуфтгӯҳо баррасии масоили нафту газ ва тарҳи бунёди лӯлаи гази Набукко мебошад.
XS
SM
MD
LG