Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қатли фармондеҳи нирӯҳои ҳавоии Озарбойҷон


Имрӯз дар Боку фармондеҳи нирӯҳои ҳавоии Озарбойҷон ба қатл расид. Мақомот гуфтанд, ки Раил Ризоев аз ҷониби як мусаллаҳи ношиносе ҳангоми аз хона берун рафтанаш ба сараш тир хӯрд. Ӯ баъдан дар беморхона ба ҳалокат расид. Генерал-лейтенант Ризоев аз соли 1992 инҷониб фармондеҳи нирӯҳои ҳавоии Озарбойҷон будааст. Наҷмиддин Содиқов, раиси ситоди нирӯҳои Озарбойҷон гуфт, ки роҷеъ ба сабабҳои кушта шудани Ризоев маълумоте дар даст надорад. Мақомот гуфтанд, ки маросими ҷанозаи фармондеҳи нирӯҳои ҳавоӣ худи имрӯз анҷом шуд.
XS
SM
MD
LG