Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммади Хотамӣ ба сиёсат бармегардад


Муҳаммади Хотамӣ
Муҳаммади Хотамӣ

Муҳаммади Хотамӣ, ки аз соли 1997 то 2005 раёсати ҷумҳурии исломии Эронро бар дӯш дошт, эълон кард, ки дар интихоботи навбатии раёсатҷумҳурӣ ширкат хоҳад варзид.

Таҳлилгарон заифии худи Хотамӣ ва низоми сиёсии ҳоким дар Эронро иллатҳои аслии нокомии ӯ дар гузашта мехонанд. Вале дар ин муддат оё чӣ тағйир ёфта ва Муҳаммади Хотамӣ бо чӣ кӯлборе мехоҳад ба майдони мубориза баргардад? Ва оё раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Хоманаӣ байни Хотамӣ ва раисиҷумҳури кунунӣ Маҳмуди Аҳмадинажод кадомеро фотеҳаи роҳ хоҳад дод? Муовини мудири барномаҳои Радиои Озодӣ Аббоси Ҷаводӣ дар таҳлиле ба ҳамин мавзӯъ пардохтааст.

Раисиҷумҳури собиқи Эрон Муҳаммади Хотамӣ рӯзи якшанбеи гузашта эълон кард, ки дар интихоботи навбатии раёсати ин ҷумҳурӣ ширкат хоҳад кард. Пешбарӣ шудани номзадии Хотамӣ ба мардуми Эрон имкон медиҳад, дар интихоботи моҳи июн байни ӯву раисиҷумҳури кунунӣ Маҳмуди Аҳмадинажод ҳаққи интихоб дошта бошанд.

Маълум аст, ки интихоби дубораи Аҳмадинажод барои Эрону ҷаҳон чӣ фалокатҳоеро дар пай хоҳад овард. Тайи чор соли раҳбариаш, Аҳмадинажод чӣ дар сиёсати дохилӣ ва чӣ дар сиёсати хориҷиаш сарсахтона роҳи мухолифат ва инзивоъро пеш гирифта буд. Тасмимгириҳои ғалати давлат дар соҳоти иқтисодӣ боиси башиддат боло рафтани мизони таварруму бекорӣ ва фақр шуд, ки Аббоси Ҷаводӣ чунин сурати ҳолро барои кишвари саршор аз манобеъи нафту газ, назири Эрон, ғайриқобилиқабул мешиносад.

Аммо Хотамӣ. Билофосила ба дунболи эълони номзадии Хотамӣ, таҳлилгарон ба гузаштаи сиёсии ӯ баргашта, ба ин нукта таъкид мекунанд, ки Муҳаммади Хотамӣ натавонист тайи ду давраи раёсатҷумҳуриаш бар ваъдаи ислоҳоти худ амал кунад. Аббоси Ҷаводӣ, муовини мудири барномаҳои Радиои Озодӣ мегӯяд, мушкили аслӣ мушкили низом буд, ки ба раисиҷумҳур ихтиёри зиёде намедиҳад.

Зоҳиран раисиҷумҳурро дар Эрон мардум интихоб мекунад, вале дар асл фақат номзаде баранда мешавад, ки раҳбари инқилоб оятуллоҳ Алии Хоманаӣ пазируфтааст. Ва чӣ Маҳмуди Аҳмадинажод ва чӣ Муҳаммади Хотамӣ ҳанӯз хеле қабл аз он ки ба дили мардум роҳ биҷӯянд, бояд пуштибонии Хоманаиро ба даст биоранд. Аббоси Ҷаводӣ мегӯяд, Хоманаӣ одатан то лаҳзаҳои охир интихобашро пинҳон нигоҳ медорад ва дар ниҳоят метавонад ҳар кадом аз ин ду нафар – ё Аҳмадинажод ваё Хотамиро бипазирад

Аммо дар сурати дар мақоми раёсат боқӣ мондани Аҳмадинажод, Эрон ҳаракаташ аз ҳамон роҳи инзивоъ ва мухолифат бо ҷомиаи байналмилалиро идома хоҳад дод. Аббоси Ҷаводӣ мегӯяд, дар айни ҳол далоиле низ дар байн ҳаст, ки шояд оятуллоҳ Хоманаиро ба пуштибонӣ аз номзадии Муҳаммади Хотамӣ моил кунад. Ба эътиқоди ӯ, Теҳрон метавонад таҳти шароити мушаххасе роҳи қудратро барои ислоҳталабон, ки як намояндааш ҳамин Хотамист, дубора боз кунад.

Муҳаммади Хотамӣ мегӯяд, ки ҳанӯз қабл аз эълони номзадиаш ризоияти оятуллоҳ Алии Хоманаиро ба даст овардааст. Аммо ин ҳанӯз маънии пуштибонии ҳатмии Хоманаӣ аз Хотамиро надорад. Тарси муҳофизакорон аз ин, ки бозгашти Муҳаммади Хотамӣ ва боз шудани ҷомиа метавонад вазъро хориҷ аз назорат кунад ва ояндаи низоми Ҷумҳурии исломиро зери суол барад, омилест, ки ба нафъи Хотамӣ кор намекунад.

Аммо идомаи фишори сиёсиву иҷтимоӣ ба шеваи а ля Аҳмадинажод дар шароите, ки имкони гуфтугӯ бо ҷомиаи байналмилалӣ пеш омадааст, низ метавонад дар ниҳоят мунҷар ба ошӯбҳои иҷтимоӣ дар Эрон шавад. Моли таърих шудани даврони Ҷорҷ Буш ва оғози даврони Барак Обама, ки ба роҳи гуфтугӯ бо Эрон бартарӣ медиҳад, идомаи сиёсати мухолифат ва инзивоъгароии Аҳмадинажодро ғайриқобилитавҷеҳ мегардонад, ки ин омиле ба фоидаи Хотамист.

Аббоси Ҷаводӣ мегӯяд, ҳам барои Эрон ва ҳам барои ҷаҳон беҳтар ин аст, ки дар интихоботи моҳи июн Маҳмуди Аҳмадинажод баранда нашавад. Маъмурияти раисиҷумҳури ҷадиди Амрико Барак Обама то ҳол сиёсаташ дар қиболи Эронро пурра мушаххас накардааст. Ба бовари Аббоси Ҷаводӣ, як омиле, ки метавонад ба фоида ва ё ба зидди Хотамӣ кор кунад, то моҳи июн, яъне то рӯзи интихобот мушаххас шудани ин сиёсат аст, ки оё аз даврони Ҷорҷ Буш то кадом андоза фарқ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG