Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Олим Зикаев дар Бишкек


Паҳлавони тоҷик Олим Зикаев барандаи мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба гуштии самбо дар шаҳри Бишкек гардид.

Дар ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки барои гиромидошти хотираи сарбози интернасионалист Виталий Гордеев барои бори 22-юм дар пойтахти Қирғизистон баргузор шуд, ба ғайр аз мизбонон гуштигирони Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон ширкат варзиданд.

Шарафи варзиши тоҷикро дар ин мусобиқа намояндагони бошгоҳи марказии варзишии артиши Вазорати дифоъи кишвар дар навъи самбои варзишӣ ҳимоя карданд. Паҳлавони шинохтаи тоҷик Олим Зикаев дар вазни то 57 кг бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, ҷои аввалро касб намуд ва бо медали тиллои мусобиқа мукофотонида шуд.

Дар панҷ вазн гуштигирони қирғиз ва дар се вазни дигар намояндагони Қазоқистон пирӯзӣ ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG