Пайвандҳои дастрасӣ

Тавофуқи вазорати адлия ва ORA International


"Авесто" хабар медиҳад, ки вазорати адлияи Тоҷикистон ва созмони байналмилалии ORA International дар ҷараёни муҳокимаи додгоҳие дар Душанбе ба баҳсҳои худ хотима бахшида ба тавофуқе даст ёфтанд. Давлат Сулаймонов аз раёсати сабтиноми созмонҳои сиёсиву ҷамъиятии ин вазорат гуфтааст, ки тибқи тавофуқи ҳосилшуда ORA International ҳақи идомаи кор дар Тоҷикистонро ба даст меорад. Апрели соли 2008 аз рӯи аризаи даъвоии вазорати адлияи Тоҷикистон додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе фаъолияти ин созмони хориҷиро ба мӯҳлати се моҳ боздошт. Вазорати адлия ORA International-ро дар пешбурди фаъолиятҳои ғайриқонунии мазҳабӣ дар қаламрави Тоҷикистон муттаҳам кард. Сулаймонов ба унвони мисол ба "Авесто" гуфтааст, ки ин созмон дар ҷараёни тадриси забони англисӣ инчунин ба таблиғи дини масеҳӣ ҳам машғул мешудааст, ки муғоир бо оинномаи ин созмон мебошад. Вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯяд, ки додгоҳ бо назардошти "фаъолиятҳои башардӯстона"-и ORA International ба идомаи кори ин созмон иҷоза дод. Ва ҳоло ин созмон бояд дар давоми ҳар се моҳ ба мақомоти додгустарии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти худ ва коргаронаш гузориш диҳад, гуфтааст Сулаймонов.
ORA International созмони башардӯстонаи байналмилалист, ки дар Олмон таъсис шуда аз соли 1992 инҷониб бо ироаи кӯмакҳои иҷтимоӣ ба атфоли ниёзманди Тоҷикистон машғул аст. Мутаваққифшавии фаъолияти ин созмон дар соли гузашта бо танқидҳои шадиди гурӯҳҳои ҳуқуқи башар рӯбарӯ шуд.
XS
SM
MD
LG