Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бозори «Корвон»


Дар замони начандон дури шӯравӣ дар бозорҳо аслан меваву сабзавот мефурӯхтанд.

Дар он замон худи бозорҳо ҳам кам буданд. Вале ҳоло бозорҳо хеле зиёд шудаанд ва дар онҳо натанҳо меваву сабзавот, балки инчунин матоъу коло ва – умуман – ҳама чизро мефурӯшанд. Албатта, ба ҷуз ҷони одамӣ ва, чунонки як шоири маъруф гуфтааст, «бахте, ки нархашро надонад ҳеч бозаргон».

...Ҳарчанд дар бозорҳо «бахт» ба рӯи бисёриҳо «механдад»: касе молашро, билахира, ба савдо мезанад, ва касе ҳам колоеро «арзон» мехарад.

Хабарнигори мо як рӯз бо дастгоҳи аккосӣ дар бозори машҳури Душанбе «Корвон» сайр кард. Ба аксҳои гирифтаи ӯ бингаред...
XS
SM
MD
LG