Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолбрук аз Покистон дидан мекунад


Фиристодаи вижаи ИМА дар Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрук имрӯз аз манотиқи қабиланишини Покистон дар шимолу ғарби ин кишвар дидан кард. Ҳолбрук дар Покистон бо ҳадафи арзёбии ҳамаҷонибаи стратегияи Амрико зидди Толибон ва Ал-Қоида қарор дорад. Як мақоми хадамоти иктишофӣ дар минтақаи шимолу ғарб гуфт, ки Ҳолбрук савори чархболе аз минтақаи Муҳманд, яке аз ҳафт манотиқи қабиланишини ҳаммарз бо Афғонистон дидан кард.
Дар ҳамин ҳол, бар асари таркиши бомба як вакили дунявигарои парлумон ва шаш нафари дигар дар шаҳри Пешавари Покистон маҷрӯҳ гардиданд. Таркиш начандон дур аз маҳалли сафари Ҳолбрук рӯй дод.
XS
SM
MD
LG