Пайвандҳои дастрасӣ

17 кушта дар Кобул баъди силсилаҳамлаҳои Толибон


Дар натиҷаи ҳамлаи ҷангиён ба сохтмонҳои ҳукуматӣ дар Кобул дасти кам 17 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар як ҳодиса гурӯҳи мусаллаҳе ба сохтмони вазорати адлияи Афғонистон, воқеъ дар маркази Кобул ҳамла карда ба ҷониби гурӯҳи муҳофизон оташ кушоданд. Тибқи гузоришҳо чанд нафар, аз ҷумла ду ҳамлагар ва ду муҳофиз кушта шуданд. Дар шимоли Кобул ду маргталаб дар дафтари раҳбарияти зиндонҳо худро мунфаҷир карда 10 кушта бар ҷо гузоштанд. Полис ва шоҳидон гуфтанд, ки як маргталаби эҳтимолиро, ки талош дошт ба сохтмони вазорати омӯзишу парвариш дохил шавад, нобуд карданд. Сухангӯи Толибон, ки масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш гирифт, гуфт, ки ин посухи онҳо ба тарзи бархӯрд бо Толибон дар зиндонҳои Афғонистон аст.

XS
SM
MD
LG