Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири дифоъ дар бораи афзоиши нирӯҳои Афғонистон


Вазири дифои Амрико Роберт Гейтс гуфт, ки раиси ҷумҳурӣ Барак Обама бояд дар давоми чанд рӯзи наздик тасмим гирад, ки ба Афғонистон барои идомаи амалиёти зидди Толибону Ал-Қоида чӣ миқдор нирӯи иловагӣ мефиристад. Гейтс дар сӯҳбат бо хабарнигорон дар Вашингтон гуфт, ки Обама бояд аз чанд интихоб якеро баргузинад. Дар навбати аввал, интизор меравад, ки Обама аз пешниҳоди ирсоли 30 ҳазор сарбози иловагии нав истифода карда, факақт як бахши ин нирӯҳоро ба Афғонистон сафарбар кунад. Феълан дар Афғонистон 37 ҳазор сарбози амрикоӣ мустақар ҳастанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG