Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаҳо дар Кобул


Полис ва шоҳидон мегӯянд, ки дар паи як задухӯрд дар наздикии қасри раёсатҷумҳурии Афғонистон ва ҳамлаи маргталабонае дар як сохтмони ҳукуматии Кобул хисороте ба миён омадааст. Тибқи гузоришҳо, гурӯҳи мусаллаҳе имрӯз ба сохтмони вазорати адлияи ин кишвар ҳамла бурд. Дар натиҷаи задухӯрди гурӯҳи муҳофизон ва мусаллаҳон ду марди ҳамлагар кушта шуданд. Ҳанӯз як нафар аз ҳамлакунандаҳо дар дохили сохтмон қарор дорад. Дар ҳодисаи ҷудогонае, дасти кам як маргталаб худро дар дохили сохтмони раҳбарияти зиндонҳои вазорат, воқеъ дар самти дигари шаҳр мунфаҷир кард. Дар натиҷаи ин ҳодиса ҳам хисороте ба амал омадааст. Масъулияти ин ҳамларо Толибон ба ӯҳда гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG