Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии Ликуд ва Кадима дар интихоботи Исроил


Имрӯз раҳбарони якбора ду ҳизби ширкатдори интихоботи парлумонии Исроил - Кадимаи марказгаро ва Ликуди чапгаро шаҳди пирӯзӣ мечашанд. Баъди ҳисобу китоби қариб ҳама раъйҳо, пешгӯӣ мешавад, ки Кадима дар Кнессет соҳиби 28 ва Ликуд барандаи 27 курсӣ хоҳанд шуд. Ҳанӯз ин арқом натиҷаҳои овоздиҳиро дар миёни сарбозони исроилӣ дар назар намегирад. Дар сурате, ки ҳеҷ як ҳизб барандаи ягонаи интихобот дониста нашавад, раиси ҷумҳурӣ Шимон Перес масъулияти таъини раҳбари эътилофи парлумониро ба ӯҳда мегирад. Дар суханронии баъдиинтихоботиаш раҳбари Кадима вазири хориҷа Тсипӣ Ливнӣ аз раҳбари Ликуд нахуствазир Бенямин Нетаняҳу даъват кард, ки барои таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ ба ӯ ҳамроҳ шавад.
XS
SM
MD
LG