Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафорати Тоҷикистон дар Брюссел ифтитоҳ мешавад


Имрӯз ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон ба раҳбарии раиси ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи сафорати ин кишвар дар Белгия иштирок хоҳад кард. Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Белгия Саймӯъмин Ятимов дар сӯҳбат бо хабарнигори "Авесто" дар Брюссел хабар дод. Мақомот мегӯянд, бо назардошти тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳодияи Аврупо дар солҳои охир, зарурате барои таъсиси намояндагии дипломатии доимии Тоҷикистон дар Брюссел пеш омад. Оқои Ятимов гуфтааст, ки сохтмони сафорати нав аз ҳисоби ҳукумати Тоҷикистон харидорӣ шуда, "ин бузургтарин моликияти ҳукумати ҷумҳурӣ дар Аврупо маҳсуб мешавад". "Авесто" мегӯяд, ки сохтмони мазкур аз чаҳор табақа иборат буда, дар дохили он консулгарии Тоҷикистон, сафорат ва ҷои зисти раҳбарияти ҳайати дипломатӣ ҷойгир мешавад. Сафир гуфтааст, ки ин тадбирҳо барои "сарфаи маблағҳои буҷа" мусоидат хоҳад кард. Дар маросими ифтитоҳи сохтмони сафорати Тоҷикистон дар Брюссел тоҷикистониҳои муқими Белгия ҳам иштирок хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG