Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро модарону кӯдакон мефавтанд?


Мақомот ва таҳлилгарони масоили беҳдоштии вилояти Хатлон аз афзоиши мизони маргумири модарону навзодон изҳори нигаронӣ мекунанд. Ба иттилои расмӣ, танҳо дар моҳи январи соли равон се ҳодисаи фавти бонувон дар аснои таваллуд ва ё баъд аз он ба қайд гирифта шудааст.

Райҳона Мирзоева, сарвари Маркази солимии репродуктивӣ ва танзими оилаи вилояти Хатлон, бо тасдиқи ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, дар аксари маворид занони ҳомила, ки дар рустоҳо ба сар мебаранд, аз муоинаи тиббӣ худдорӣ мекунанд ва ё ҳамсарону аҳли хонаводаашон ба онҳо монеъ мешаванд. Ба қавли хонум Мирзоева, тақрибан ҳама бонувони ҳангоми таваллуд фавтида хонашин буда, танҳо макотиби таҳсили ҳамагониро хатм кардаанд. Вай дар иртибот ба омилҳои маргумири ин се зан гуфт:

«Яке аз ин занҳои фавтида аз ноҳияи Шаҳритус мебошад ва сабаби фавти ӯ мушаххас шудааст, ки гирифториаш ба бемории сепсис буда, бар замми ин дар хона таваллуд кардааст. Вай муқобилият нишон дода, розӣ нашудааст, ки бистарии беморхона шавад. Аммо танҳо баъд аз 18 рӯзи тавалуд ба беморхона муроҷиат кардааст, ки мутаассифона, азбаски дар ҳолати агоналӣ буд, баъди 35 дақиқа вафот намуд. Ду ҳолати дигари марги бонувон ҳоло таҳқиқ шуда истодаст аз тарафи коршиносони мо».

Дар ҳамин ҳол, бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши шумори бонувони фавтида ҳангоми таваллуд ё баъд аз он раёсати нигаҳдории тандурустии Хатлон як гурӯҳи вижаи корӣ таъсис додааст, то ки авомили марги ҳар як занро пажӯҳиш намуда, дар боло бурдани сатҳи маърифати беҳдоштии онон таъсир гузоранд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли сипаришудаи 2008-ум дар вилояти Хатлон 27 ҳодисаи фавти модарон ҳангоми таваллуд ба қайд гирифта шудааст. Руқия Қурбонова, муовини нахуствазири Тоҷикистон, нишондиҳандаи мазкурро бисёр нигаронкунанда арзёбӣ карда, мегӯяд, тақрибан 50 дар сади кӯдакони тавлидшуда аз бонувони фавтида барҳаётанду дар лаҳзаҳои аввали умрашон аз модар маҳрум гардидаанд:

Райҳона Мирзоева, сарвари маркази солимии репродуктивӣ ва танзими оилаи вилояти Хатлон
«27 ҳодисаи фавт дар як сол – ин яъне ятим мондани фарзандон аст, он зан модар аст, хоҳар аст, фарзанд аст ва ин қадар беаҳамиятӣ зоҳир кардан нисбат ба ҳиффзи саломатии модару кӯдак нобахшиданист. Бояд натанҳо мақомоти беҳдоштӣ, балки тамоми ниҳодҳо барои ҷилавгирӣ аз идома ёфтани чунин ҳаводис талош кунанд».

Ва аммо иллатҳои аслии маргумири модарон чӣ буда ва чаро дар як соли ахир ҳудудан 30 нафар зан ҳангоми таваллуд реҳлат кардаанд? Райҳона Мирзоева, сарвари Маркази солимии репродуктивӣ ва танзими оилаи вилояти Хатлон, дар робита ба ин мегӯяд:

«Таҳлили синнусоли фавт: аз 35-сола боло 5 нафар занон буданд аз навоҳии Шаҳритус, Ёвон, Панҷ ва Сарбанд ва 7 зани фавтида барои нахустин бор таваллуд карда буданд, ки 25 фоизро ташкил медиҳад, онҳо сокинони Шаҳритус, Фархор, Бохтар, Қумсангир ва Ҷиликӯл ва шумораи модарони реҳлаткардае, ки аз 5 фарзанд бештар доштанд, 3 нафар буданд (10%). Сабабҳои асосии фавти модарон: 8 нафар бар асари хунравии зиёд вафот кардаанд, аз экламсия 2 нафар, аз прекламсия 7 нафар, сепсис 1 нафар ва эмбалияи оби назди тифл 2 нафар, касалиҳои ҷигар бошад, 1 нафар фавтидаанд».

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, дар баъзе аз навоҳии дурдасти вилояти Хатлон камбуди пизишкони бемориҳои занона ва момодояҳо ба мушоҳада мерасад. Масалан, дар ноҳияи ба номи Носири Хусрав, ки дар беш аз 220-километрии ҷануби Душанбе воқеъ аст, ягон табиби бемориҳои занона кор намекардааст.
XS
SM
MD
LG