Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 соат барқ дар шабонарӯз


Сокинони Хуҷанд дар шабонарӯзи ахир ҳудуди 3 соат ва сокинони биноҳои бисёрошёнаи Қайроқум ҳудуди ҳудуди якуним соат дар шабонарӯз барқ дарёфт карданд.

Вале қисми зиёди сокинон аз сари соли нав дар манзилҳои худ комилан барқ надоранд. Дар шабонарӯзи ахир таъмини вилояти Суғд бо нерӯи барқ то ҳадди ниҳоӣ дар тайи 17 соли ахир – то 2 миллиону 800 ҳазор киловатт/соат барқ поин рафт.

Инъом Сангинов, муовини сардори намояндагии ширкати «Барқи тоҷик» дар Хуҷанд, гуфт, ки аз ин 2 миллиону 300 ҳазор киловатт/соат нерӯи барқ тавлиди НБО–и Қайроқум аст, 500 ҳазор киловатт/соат аз НБО–и Норак бо қаламрави Узбакистон интиқол меёбад.

Ба гуфтаи вай, минтақаи шимолии Тоҷикистон аз рӯи реҷаи маҳдуди зимистонӣ ба ҳудуди 15 миллион киловатт/соат нерӯи барқ ниёз дорад.
XS
SM
MD
LG