Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Раҳмон дар Бруссел бо Скеффер мулоқот мекунад


Интизор меравад, ки имрӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мақарри паймони НАТО дар Брессел боздид кунад. Вай бо Яап де Ҳуп Скеффер-Дабири Кулли паймони НАТО мулоқот ва масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ мекунад. Ин мулоқот дар ҳоле анҷом мегирад, ки Эмомалӣ Раҳмон тронзити колоҳои ғайринизомии нируҳои НАТО ва Амрикоро тавассути қаламрави кишвараш ба Афғонистон иҷоза додааст. Қирғизистон ҳафтаи пеш эълон кард, ки пойгоҳи низомии Амрикоро дар фурудгоҳи Манас мебандад. Ин пойгоҳ ба ҳамлу нақли мавод ва коло ба нируҳои эътилофи зидди терор дар Афғонистон машғул аст. Оқои Раҳмон дирӯз бо Хосе Мануэл Барроссо -раиси Кумиссиюни Аврупо дидор ва гуфтугӯ дошт. Дар ин мулоқот ҷониби Кумиссиюни Аврупо ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки Аврупо ба Тоҷикистон барои бунёди нирӯгоҳҳо 100 миллион евро кӯмак хоҳад кард. Оқои Раҳмон дар поёни ин мулоқот гуфт:

"Ман фикр дорам, ки Иттиҳодияи Аврупо метавонад, ки бештар барои пешрафту тараққиёти Осиёи Марказӣ кӯмак кунад, бо ҳамон лоиҳаҳое, ки аҳамаияти минтақавӣ доранд"

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар Бруссел дар Порламони Аврупо низ суханронӣ кард.

XS
SM
MD
LG