Пайвандҳои дастрасӣ

Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни боздид аз кишварҳои аврупоӣ дар порлумони Аврупо суханронӣ кард.

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, ки дар кумитаи равобити байнулмиллалии порлумони Аврупо баргузор шуд, доираи васеъи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо ва вазъи сиёсиву иҷтимоъӣ дар Осиёи Марказиро дар бар мегирифт.

Раисҷумҳури Тоҷикистон тазаккур дод, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳодияи Аврупо дар сатҳи баланд қарор дорад ва Иттиҳодияи Аврупо метавонад бо кишварҳои минтақа ҳамкории бештар дошта бошад, ба вижа барои таъмини суботу амният ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар Афғонистон.

Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфт: "Ман фикр дорам, ки Иттиҳодияи Аврупо метавонад, ки бештар барои пешрафту тараққиёти Осиёи Марказӣ кӯмак кунад, ҳамон лоиҳаҳое, ки аҳамияти минтақавӣ дорад. Ва проблемаи Афғонистонро танҳо бо роҳи низомӣ ҳал кардан намешавад. Проблемаҳои иҷтимоиро ҳам диданамон даркор. Ва мақсади боздиди мо аз Бруссел ва кишварҳои аврупоӣ пеш аз ҳама аз ҳамин иборат аст."

Ҳафтае пеш Қирғизистон эълон кард, ки пойгоҳи низомии Амрико дар фурӯдгоҳи Манасро мебандад. Ин пойгоҳ ба нерӯҳои эътилофи зидди террор дар Афғонистон маводи зарурӣ, аз ҷумла маводи ғазоӣ ва сухт интиқол медиҳад. Эмомалӣ Раҳмон дар робита бо ин масъала гуфт, Тоҷикистон ба унвони ҳамсояи наздик ва кишвари ҳамзабон бо Афғонистон хостори сулҳу оромӣ дар ин кишвар аст ва аз ҳамон оғоз ба унвони кишвари узви эътилофи зидди террор ҳар гуна кӯмаро дар ихтиёри нерӯҳои эътилоф гузоштааст:

"Бо истифода аз ҳамаи тавоноии эътилофи зиддитеррор, ки дар пойгоҳи Манас мустақар аст, ҳамзамон аз ҳарими ҳавоии Тоҷикистон низ истифода мекарданд. Кишварҳои узви эътилоф бо истифода аз роҳҳои дипломатӣ ҳатто ба Тоҷикистон намеомаданд, балки нома мефиристоданд. Мо ҳеҷ шароит ба онҳо пешкаш накардем, мо "бозӣ" намекардем, тиҷорат намекардем, баъд аз гирифтани нома ман билофосила иҷоза медодам, ки кор иҷро шавад, зеро мо бо тамоми вуҷудамон хостори субот дар Афғонистон ҳастем, хостори сулҳ дар Афғонистон ҳастем. Мо мехоҳем ҳамсояи дӯст, самимӣ ва сулҳҷӯ дошта бошем".

Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони Кумитаи равобити байнулмиллалии порлумони Аврупо дар бораи муносиботи Амрико ва кишварҳои аврупоӣ бо Эрон низ изҳори ақида кард. Вай гуфт, Тоҷикистон кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг бо Эрон аст ва вай борҳо бо раҳбарони кишварҳои Ғарбӣ ва Эрон дидор ва гуфтугӯ кардааст. Оқои Раҳмон хитоб ба намояндагони порлумони Аврупо гуфт, вай баъд аз ин мулоқотҳо ба хулосае расидааст, ки ягона роҳи ҳалли масъалаи Эрон музокира бо ин кишвар аст:

"Дар бораи ҷумҳурии Исломии Эрон. Мо мардуми форсизабон ҳастем. Мо мардуми ориёӣ ҳастем ва забон, фарҳанг ва таърихи муштарак дорем. Робитаҳоямон низ хуб аст. Ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, тиҷоратӣ дорем. Ман дар ҳамаи гуфтаҳо, пеш ҳам ва ҳозир ҳам бар ҳамин ақида ҳастам, ки ҳалли муносибат бо Эрон танҳо як роҳ дорад. Ин роҳи гуфтушунид аст. Роҳи низомӣ вуҷуд надорад. Роҳи низомӣ, ман ба шумо мегӯям, вакилон, бо бародарони амрикоӣ ҳам мулоқот доштам, бо дигарон ҳам, Эрон Ироқу Афғонистон нест. Мо аз дарси Ироқ бисёр чизҳоро омӯхтем, ки кӣ бештар зиён мебинад, кӣ қурбон мешавад ва кӣ барқарор мекунад. Барои ҳамин ман суоли шуморо хуб фаҳмидам. Пеш аз ҳама ҳамкорӣ ва аз тариқи гуфтушунид ҳал кардан лозим. Худи Эрон ҳам ба гуфтушунид розӣ аст".

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми сӯҳбат дар бораи масъалаҳои минтақавӣ дар назди намояндагони порлумони Аврупо низ таъмини об ва истифодаи он дар минтақаро бори дигар "массъалаи рақами як" арзёбӣ кард. Вай аз ҷумла чунин гуфт:

"Дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ роҷеъ ба баъзе проблемаҳои минтақавӣ баъзан якдигарфаҳмӣ вуҷуд надорад. Махсусан проблемаи рақами як дар Осиёи Марказӣ проблемаи истифодаи обу барқ аст. Дар қаламрави Тоҷикистон тақрибан 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ тавлид мешавад, дар пиряхҳои кӯҳҳои Помир. Аз ин об мо ҳамагӣ 5 дарсад истифода мекунем. Дигараш ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя ҷорӣ мешавад. Тоҷикистон 93 дарсадаш кӯҳ аст. Мо замин надорем ва барои аз худ кардан ҳам замин нест, яъне барои истифодаи об. Ман фикр мекунам, ки барои ҳалли ин масъалаҳо вақт ҳам лозим аст. Боварии комил дорам, ки дар солҳои наздик мо ин мушкилиҳоро ҳал мекунем. Албатта, бо кӯмаку дастгирии институтҳои байнулмиллалӣ, ки тавонанд баъзе лоиҳаҳои гидроэнергетикиро, экспертизаҳои бетарафро пешниҳод кунанд, ки бунёди нерӯгоҳҳо ё обанборҳо ба манфиъати кӣ аст. Ҳамин тавр ҳам шуда истодааст."

Зимни суханони худ Эмомалӣ Раҳмон зарурати мубориза бо қочоқи маводи мухаддирро низ масъалаи муҳим арзёбӣ кард. Вай гуфт, Тоҷикистон дар сафи пеши ҷабҳаи мубориза бо қочоқи ин мавод қарор дорад ва ҳар сол барои ин кор маблағи зиёд ва нерӯи зиёди инсониро ба он сафарбар мекунад. Вале оқои Раҳмонов афзуд, дар кишварҳои аврупоӣ ҳанӯз консепсияи дақиқи мубориза бо ин мавод ва ҷилавгирӣ аз интиқоли он аз Афғонистон ба кишҳварҳои аврупоӣ вуҷуд надорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки сол то сол тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш меёбад. Раисҷумҳури Тоҷикистон барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои аврупоӣ аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва созмонҳои байнулмиллалӣ хостори ҳамкории бештар шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG