Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон мардеро сангсор карданд


Бино ба хабарҳо, дар Афғонистон сокинони як вулусволӣ мардеро, ки барои куштори як мақоми раҳбарии вилоят муттаҳам дониста мешуд, сангсор кардаанд. Қозихон Малик Бобо-муъовини волии вилояти Нангарҳор 7-ӯми феврал ҳадафи тир қарор гирифт. Яке аз афроди мусаллаҳ, ки идаъо мешавад, дар ин куштор даст дорад, баъд аз ҳодиса кушта шуд. Гумонбари дигарро хешовандони шахси қурбоншуда дастгир ва рӯзи душанбе дар вулусволии Дараи Нур сангсор карданд. Ин ҳодиса таҳқиқ мешавад.
XS
SM
MD
LG