Пайвандҳои дастрасӣ

Вазирои дифоъи пешин ба догоҳ кашонда мешавад


Исмоил Исҳоқов-собиқ вазири дифоъи Қирғизистон мумкин аст ба зудӣ барои сӯистифода аз мақом ва тахаллуфоти молӣ ба додгоҳ кашонда шавад. Исҳоқов, ки ҳоло яке аз раҳбарони нируҳои мухолифони давлати Қирғизистон ба шумор меравад, аз моҳи марти соли 2005 то аввалҳои соли 2008 мақоми вазири дифоъро бар ӯҳда дошт. Сипас вай то моҳи октябри соли 2008 Дабири Шӯрои Амнияти Қирғизистон буд. Исҳоқов мегӯяд, ҳамаи иттиҳомот бар зидди вай ангезаи сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG