Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинежод бо шартҳое хостори музокира бо Амрикост


Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон гуфт, кишвараш ба музокира бо Амрико омода аст, ба шарти ин ки ин музокирот бар пояи эҳироми муттақобила анҷом бигирад. Аҳмадинежод ин нуктаро ҳангоми таҷлил аз 30-юмин солгарди Инқилоби Исломии Эрон дар Теҳрон изҳор дошт. Дар натиҷаи ин инқилоб шоҳи Эрон, ки аз Амрико ҷонибдорӣ мекард, аз сари қудрат дур шуд. Рӯзи душанбе дар як нишасти хабарӣ Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико изҳор дошт, ки ҳукумати вай роҳҳои музокира бо Эронро меомӯзад.

XS
SM
MD
LG