Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонум Ливнӣ дар интихобот пирӯз хоҳад шуд?


Натиҷаҳои назархоҳӣ дар Исроил нишон медиҳад, ки Ципӣ Ливнӣ-вазири хориҷаи ин кишвар дар интихоботи порламонии рӯзи сешанбе нисбат ба рақибони худ дар сафи пеш қарор дорад. Ҳатто дар сурати пирӯзии ҳизби Кадимаи марказгарои вай бар Бенёмин Натанёҳу-собиқ нахуствазир ва бар ҳизби Ликуд хонум Ливнӣ наметавонад мақоми нахуствазирии Исроилро ба даст орад. Имкон дорад ҳизби Ликуд бо ҳизби Натанёҳу эътилоф ташкил диҳанд ва бори дигар Натанёҳуро бар сари қудрат оранд. Агар натиҷаҳои назархоҳӣ дуруст барояд, дар он сурат Шимон Перес-раиси ҷумҳури Исроил аз хонум Ципӣ Ливнӣ хоҳад хост, ки кобинаи давлати Исроилро ташкил кунад.

XS
SM
MD
LG