Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмон хостори тавсеъаи ҳамкорӣ бо Аврупост


Қарор аст имрӯз Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи силсилабоздидҳояш аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бо Яап де Ҳуп Скеффер-Дабири Кулли паймони НАТО мулоқот ва масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ кунад. Дар ин мулоқот ҷонибҳо аслан ба чигунагии вазъ дар Афғонистон таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Оқои Раҳмон дирӯз бо Хозе Мануэл Баррозо -раиси Кумиссиюни Аврупо мулоқот кард. Дар ин мулоқот ҳарду ҷониб қаноатмандии худро аз ин дидору мулоқотҳо баён карда изҳор доштанд, ки Аврупо ба Тоҷикистон барои бунёди нирӯгоҳҳо 100 миллион евро кӯмак хоҳад кард. Оқои Раҳмон дар поёни ин мулоқот гуфт:

"Ман фикр дорам, ки Иттиҳодияи Аврупо метавонад, ки бештар барои пешрафту тараққиёти Осиёи Марказӣ кӯмак унад, ҳамон лоиҳаҳое, ки аҳамаияти минтақавӣ дорад"

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар Бруссел дар Порламони Аврупо низ суханронӣ кард.
XS
SM
MD
LG