Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлил аз 30-юмин солгарди Инқилоби исломии Эрон


Маҳмуди Аҳмадинажод изҳор намуд, ки кишвараш барои музокирот бо ИМА омода аст ва аммо ба шарте, ки ин гуфтушунид дар пояи эҳтироми ҳамдигар бино шавад.

Раисиҷумҳури Эрон зимни суханронӣ назди издиҳоми бузурги мардум дар Майдони Озодии Теҳрон изҳори умедворӣ намуд, ки “тағйири сиёсати Амрико дар қиболи Эрон бунёдист ва на тактикӣ”. Ӯ афзуд, “рушан аст, ки мардуми Эрон аз тайғироти воқеъӣ истиқбол мекунад”.

Изҳороти Маҳмуди Аҳмадинажод як рӯз баъд аз он садо дод, ки раисиҷумҳури ИМА Барак Обама бори дигар ба музокироти мустақим бо Эрон даъват кард. Равобити дипломатӣ миёни Вошингтон ва Теҳрон соли 1979, баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ ва гаравгон гирифтани дипломатҳои амрикоӣ дар Теҳрон гусаста шуда буд.

Барак Обама дар як нишасти хабарӣ эълом дошт, ки ҳукуматаш дар оянда роҳҳои доир кардани музокироти мустақим миёни Вошингтон ва Теҳронро ҷустуҷӯ хоҳад кард. Раисиҷумҳури ИМА афзуд, ки Вошингтон бо вуҷуди мушкил бо барномаи ҳастаии Эрон ва пуштибонии ин кишвар аз созмонҳои ҲАМОС ва “Ҳизбуллоҳ” аз сиёсати нав дар қиболи Теҳрон кор хоҳад гирифт. Аз ин пеш дар нахустин нишасти хабарии худ ба ҳайси президенти ИМА Обама гуфта буд, “Амрико ба Эрон дасти дӯстӣ дароз мекунад ва аммо ба шарте, ки Эрон мушти худро боз намояд”.

Хабаргузориҳои эронӣ навиштанд, ки дар ҳамоиш дар майдони Озодии Теҳрон ба шарафи 30-юмин солгарди инқилоби исломӣ даҳҳо ҳазор эрониҳо ширкат карданд ва онҳо дар даст шиорҳои “Нерӯи ҳастаӣ - ҳаққи мусаллами мост”, “Марг ба Амрико!” ва “Марг ба Исроил!” доштанд.

Таҷлил аз рӯзи инқилоби исломӣ дар Эронро мақомот ҳамчун намоиши пуштибонии мардум аз низомии исломӣ ва сиёсати феълии
ҳукумат арзёбӣ мекунанд. Ва аммо ҳамарӯза теъдоди бузурги эрониҳо дилсардиву ноумедиии худро аз паёмадҳои инқилоби исломӣ иброз медоранд ва мегӯянд, ки мақомот ба татбиқи ормонҳои инқилоб, аз ҷумла, ба таъмини озодиву адолат комёб нашудаанд.

Таҷлил аз солгарди инқилоби исломӣ дар Эрон ҳар сол рӯзи 1 феврал доир мешавад – 30 сол қабл, яъне 1 феврали соли 1979 ваё 12 баҳмани соли 1357 аз рӯи тақвими ҳиҷрӣ Оятулло Хумайнӣ баъди 15 соли ҳиҷрат дар Туркия, Ироқ ва Фаронса тавассути ҳавопаймои ширкати ЕйрФранс ба Теҳрон баргашт.

Аслан, ба иттилоъи расмӣ, инқилоби исломии Эрон рӯзи 8 январи соли 1978, баъди он шурӯъ шудааст, ки нахустин намоиши зиддиҳукуматӣ дар Қум аз сӯи горди шоҳ бераҳмона саркӯб гардид. Ба думболи ин рӯҳониён дар шаҳрҳои гуногуни Эрон намоишҳо созмон медоданд, ки пайваста ба задухурд бо низомиёни ҳукуматӣ мепечид. Охирҳои сол инқилобиюн ба ташкили корпартоиҳо рӯ оварданд ва дар натиҷа иқтисоди Эрон суқут кард. Ва моҳи январи соли 1979 шоҳ Муҳаммад Ризо Паҳлавӣ бо машварати сарвазири вақт Шоҳпур Бахтиёр Эронро тарк гуфт. Ду моҳ баъд аз бозгашт аз ҳиҷрат, яъне моҳи апрел Оятулло Ҳумайнӣ Эронро Ҷумҳурии исломӣ эълон кард.

Таҷлили инқилоби исломӣ имсол дар ҳоле сурат гирифт, ки ҳанӯз ҳам қазияи барномаи ҳастаии Эрон ҳалношуда боқӣ мондааст ва ҳарчанд Теҳрон мегӯяд, ки ин барнома аҳдофи комилан осоишта дорад, ИМА ва чанд кишвари аврупоӣ Эронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ айбдор мекунанд. Дар рӯзҳои таҷлил аз инқилоб Эрон эълом дошт, ки нахустин маҳвораи тавлиди кишвар мавсум ба “Умед”-ро ба мадор баровардааст. Ин хабар мақомоти ИМА ва кишварҳои ғарбиро нигарон сохт.

Имрӯз Маҳмуди Аҳмадинажод дар Теҳрон бори дигар изҳор намуд, ки Эрон аз таҳримҳо ваё ҳамлаи низомӣ ба кишвар боке надорад.
XS
SM
MD
LG