Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастовардҳои сафари президент Раҳмон ба Аврупо


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари худ дар Аврупо имрӯз, бо мақомоти давлати Белгия ва раҳбарони дастгоҳи иҷроии Иттиҳоди Аврупо мулоқот кард. Дар нишасти хабарии муштарак дар Иттиҳоди Аврупо раиси Кумисюни Аврупо Жозе Мануэл Барроззо, гуфт ин иттиҳод Тоҷикистонро яке аз кишварҳои муҳими Осиёи Марказӣ мешуморад ва ҳамвора ба ҳалли мушкилиҳои иҷтимоиву иқтисодии он кӯмак кардааст. Баррозо афзуд, Иттиҳоди Аврупо дар ин мулоқотҳо тасмим гирифт, дар ҳаҷми 18 миллион евро ба Тоҷикистон кӯмак кунад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кишвараш аз кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо сипосгузор аст ва густариши ҳамкориҳоро муҳим медонад. Вай раҳбарони Иттиҳоди Аврупоро ба сафари Тоҷикистон даъват кард.
XS
SM
MD
LG