Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раъйдиҳӣ дар интихоботи порлумонии Исроил


Имрӯз дар Исроил интихоботи зудраси порлумонӣ ҷараён гирифт. Маъракаҳои он таҳти таъсири ҷанги ахири Исроил дар Навори Ғазза гузаштанд. Тибқи назарсанҷиҳо, рақобати асосӣ ва хеле танготанг байни ҳизбҳои мухолифи Ликуди сарвазири пешин Бенямин Нетаняҳу ва марказгарои вазири умури хориҷӣ Тзипӣ Ливнӣ ҷараён доштааст. Як ҳизби миллатгарои дастиростӣ таҳти сарварии муҳоҷир аз Иттиҳоди шӯравии собиқ, Авгидор Либерман, ки бархӯрди шадид бо фаластиниҳоро дар пеш гирифтааст, дар ҷои саввум аст. 5 миллиону 300 ҳазор интихобкунанда бояд муносибати худро ба ин аҳзоб баён дорад. Истеъфои сарвазир Эҳуд Олмерт ба думболи як моҷарои фасод дар моҳи сентябри соли гузашта сабаби интихоботи зудрас гашт.
XS
SM
MD
LG