Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия алами бӯҳронро аз муҳоҷирон мегиранд


Коргарони муҳоҷир дар Русия ҳамарӯза аз музди худ маҳрум мешаванд, ҳадафи таҳдид ва зӯроварию бадрафтории полис қарор мегиранд ва бӯҳрони иқтисодӣ онҳоро ба рӯзгори сахте рӯбарӯ кардааст. Бо ин хулоса, созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Ҳюман Райтс Вотч имрӯз аз ҳукумати Русия даъват кард, даст ба амалҳои фаврӣ бизанад. Созмон мегӯяд, коргарони муҳоҷир "аз бадрафтории дугуна осеб мебинанд, ҳам аз кордиҳандагон ва ҳам дигароне, ки муҳоҷиронро сабабгори мушкилиҳои ахири иқтисодӣ медонанд." Гузориши нав ба бинокорон тамаркуз ёфта, дар он гуфта мешавад, 40 дарсади муҳоҷирон дар Русия коргарони ин ришта мебошанд.
XS
SM
MD
LG