Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаҳои сафари президенти Тоҷикистон дар Бруссел


Мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъули сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо Ҳавйер Солана дар Бруссел, 10 феврали соли 2009.

Мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо масъули сиёсати берунаи Иттиҳоди Аврупо Ҳавйер Солана дар Бруссел, 10 феврали соли 2009.

Иттиҳоди Аврупо гуфт, ба Тоҷикистон ҳудуди 100 миллион евро кӯмак карда, дар бунёди се нерӯгоҳи барқи обӣ дар ин кишвар саҳм хоҳад гирифт.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки дар идомаи силсиласафари шашрӯзааш ба Аврупо вориди Бруссел, пойтахти Белгия ва қароргоҳи ИА ва паймони низомии НАТО шуд, рӯзи сешанбе бо раиси Кумиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо мулоқот кард. Дар ин рӯз мулоқоти оқои Раҳмон бо раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Хавйер Солана ва суханронии ӯ дар яке аз кумитаҳои парлумони Аврупо низ дар назар гирифта шудааст.

Силсиласафари раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Аврупо дар пасманзари сард шудани равобити Душанбе бо Маскав сурат мегирад, вале намояндагони ИА мегӯянд, далели таваҷҷӯҳи Тоҷикистон ба Аврупо фақат ин таниш нест, балки Душанбе ҳамеша ҷӯёи равобити наздиктар бо Аврупо буду ҳаст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Бруссел бо раиси Кумиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо масоили марбут ба вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити ИА бо Душанберо баррасӣ кард. Жозе Баррозо дар нишасти муштараки хабариаш бо Эмомалӣ Раҳмон вазъи феълии равобити ИА бо Тоҷикистонро хуб номид, вале гуфт, ки ин равобит бояд боз ҳам амиқтар шавад. Баррозо гуфт, ИА ва Куммиссиюни Аврупо ҳарду ҳозиранд, дар шароити сахти кунунӣ дасти ёриашро аз Тоҷикистон дареғ надоранд: "Тавре медонед, бузургтарин бахши кӯмакҳои Иттиҳодияи Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон рост меояд. Дар солҳои 2007 то 2010 ин кумакҳо ба 66 миллион евро мусовӣ хоҳанд буд, ки барои беҳбуди ҳифзи иҷтимоиву беҳдошт, сектори хусусӣ ва ислоҳоти низоми моливу барномаҳои баланд бардоштани мизони некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон масраф мешаванд. Ҳамчунон Тоҷикистон дар чорчӯби беҳбуди назорати марзҳо, танзими истифодаи захираҳои обӣ, маориф, ҳуқуқи башар, демократия ва муҳити зист кӯмак хоҳад гирифт."

Баррозо илова кард, ки Кумиссиюни Аврупо нақши муҳими Тоҷикистон дар таҳкими назму суботи минтақаи Осиёи Марказиро эътироф менамояд. Ӯ афзуд, ки Кумиссиюни Аврупо ниёзмандиҳои Тоҷикистон дар давраи бӯҳрони саросариро мадди назар гирифта, тасмим гирифтааст, ки ба ҳайси ёрӣ ба Тоҷикистон 18 миллион евро тахсис диҳад. Дар қабули ин қарор натиҷагирии мусбати Сандуқи байналмилалии Пул дар моҳи феврал саҳм гузоштааст. Ҷои ёдоварист, ки ҳафтаи гузашта ҳайати Сандуқи байналмилалии пул дар пайи боздид аз Тоҷикистон аз ҷараёни ислоҳоти низоми молӣ ва гузоришҳои Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд.

Жозе Баррозо афзуд: "Сониян, мо барои ҳифзи иҷтимоии мардуми Тоҷикистон ва рушди соҳаи кишоварзии ин кишвар дар чорчӯби муассисаҳои ғизоӣ кумак ба маблағи 15, 5 миллион евро тахсис хоҳем дод. Мехоҳам шахсан ба президент Раҳмон барои мизбонии Ҷаласаи тройкаи вазирони Иттиҳодияи Аврупо бо ҳамтоҳояшон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ибрози сипос намоям. Ин мулоқот 28-29 май дар Душанбе барпо мешавад. Мо тасмим дорем, ки дар давоми соли 2009-ум намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистонро пурра фаъол намоем. Ҳамаи ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки мо равобити хуб дорем , вале Кумиссиюни Аврупо, яъне Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдори таҳкими равобит бо Тоҷикистон аст. "

Қарор аст, Баррозо дар мулоқоти сегонаи ИА ва вузарои хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки рӯзҳои 28 ва 29 май дар Душанбе доир хоҳад шуд, ширкат биварзад. Як мавзӯъи он нишаст баррасии стротежии нави ИА дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин нишасти муштараки хабарӣ бо забони тоҷикӣ ҳарф зад, ба навбаи худ нақши ёриҳои ИА барои Тоҷикистонро муҳим хонд ва гуфт, ба вижа аз тасмими имрӯзаи ИА ҷиҳати ихтисоси беш аз 100 миллион евро ба Тоҷикистон ба хотири иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ ва бунёди се нирӯгоҳи хурд қаноатманд аст.

Ба думболи гуфтугӯ бо раҳбари ниҳоди иҷроияи ИА Эмомалӣ Раҳмон, қарор аст, имрӯз бо раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Хавйер Солана низ мулоқот кунад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон дар пасманзари таниши аз лиҳози шиддат бесобиқае дар муносиботи маъмулан гарми Душанбе бо Маскав анҷом мешавад. Ҳафтае пеш Душанбе ҳатто эълон карда буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар саммитҳои Паймони амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкориҳои Авруосиё дар Маскав ширкат нахоҳад варзид. Раисиҷумҳури Тоҷикистон билохира ба Маскав рафт ва дар он ду нишасти сарон ширкат кард, вале аз ваҷоҳати ӯ ва аз шеваи инъикоси саммитҳои Маскав дар расонаҳои расмии Тоҷикистон бармеомад, ки сардии уфтода миёни ду кишвар ҳанӯз комилан рафъ нашудааст.

Аммо мақомоти аврупоӣ мегӯянд, далели аслии таваҷҷӯҳи Душанбе ба Аврупо сард шудани равобиташ бо Маскав нест.
Она Юкневитсиене, раҳбари ҳайъати Осиёи Марказӣ дар парлумони Аврупо ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо метавонанд дар чандин бахш, аз ҷумла дар соҳоти иқтисодӣ ва мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ҳамкориҳояшонро хеле густариш диҳанд:

“Ба бовари ман, Тоҷикистон ҷӯёи равобити наздиктар бо Аврупост, вале ман фикр намекунам, ки далелаш, ба истилоҳ, низоъи кӯчаки он кишвар бо Русия, ё худ ба хашм омаданаш аз изҳори назариёти бархе мақомоти Русия дар мавриди бунёди нирӯгоҳи обӣ дар Тоҷикистон бошад. Ба назари ман, Тоҷикистон ҳамеша ба ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи Аврупо манфиатдор буд.”


Тибқи стротежии наваш Иттиҳодияи Аврупо мехоҳад ҳаҷми кӯмакҳои худ ба кишварҳои Осиёи Марказиро то соли 2013 ду маротиба афзуда, ба 750 миллион евро бирасонад. 66 миллион евро аз ин маблағ ба Тоҷикистон ихтисос хоҳад ёфт. Душанбе соли гузашта аз Кумиссиюни Аврупо ба маблағи 9 миллион евро кӯмак гирифт. Имсол ҳаҷми ёриҳои он созмон ба Тоҷикистон 14 миллион евроро ташкил хоҳад дод.

Она Юкневитсиене гуфт, асароти бӯҳрони саросарии молӣ ва дасти кӯтоҳи Душанбе дар амри бунёди нирӯгоҳҳояш, ба хусус дар ҳоле ки Тоҷикистон ҳар фасли сармо ба бӯҳрони шадиди энержӣ рӯбарӯ мешавад, омилҳоеянд, ки он кишварро ба сӯи ҳамкориву мушорикати густардатар бо Аврупо тела медиҳад:

“Ҷониби Тоҷикистон пеш аз ҳама ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ манфиатдор аст. Албатта, дар ин бахш ҳамкори беҳтар аз Иттиҳодияи Аврупо ками дар кам аст. Ва Тоҷикистон, ки гирифтори бӯҳрони иқтисодист, монанди соъир кишварҳои бӯҳронзада ба хотири иҷрои барномаҳояш кӯмакҳои молӣ ва ҳамкориҳои наздиктар меҷӯяд. Ман аз ҷумла сохтмони нотамоми нирӯгоҳи Роғунро дар назар дорам ва ба гумони ман, боздиди раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ба хотири пайдо кардани шарикони молӣ дар тарҳи мазкур сурат мегирад.”

Рӯзи чоршанбе раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Брукселл бо дабири кулли паймони низомии НАТО Яап де Ҳуп Схеффер мулоқот карда, сипас озими Литваву Эстония, ду кишвари дигари соҳили Балтик хоҳад шуд. Гуфтанист, Эмомалӣ Раҳмон силсиласафари шашрӯзааш ба қораи Аврупоро аз Латвия, яке дигар аз кишварҳои соҳили Балтик, шурӯъ карда буд.

Ба эҳтимоли ғолиб, як мавзӯъи аслии матрӯҳа дар дидори Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли НАТО баррасии имконоти Тоҷикистон дар амри мусоидат ба фаъолияти нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон хоҳад шуд. Фармондеҳии АЙСАФ, нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистонро паймони НАТО бар ӯҳда дошта, ахиран дар амри таъмини нирӯҳояш ба мушкил дучор шудааст, чунки масири аслии таъмини нирӯҳои Амрико ва НАТО, ки аз ағбаи Хайбар дар шимоли Покистон мегузарад, ба ҳамалоти афзояндаи ҷангиёни рӯ ба Толибон рӯбарӯст.

Амрико ва паймони НАТО акнун дар фикри пайдо кардани роҳҳои алтернативии интиқоли колову нирӯ ба Афғонистон буда, аз ҷумла ба Осиёи Марказӣ дидаи таваҷҷӯҳ медӯзанд. Тасмими мақомоти Қирғизистон, ки мегӯянд, пойгоҳи ҳавоии Амрико дар фурудгоҳи Манасро мебанданд, аҳамияти Тоҷикистонро ҳамчун як масири умдаи транзити молу коло барои нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон бештар мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи душанбе дар Рига, пойтахти Латвия, гуфт, Тоҷикистон аз ибтидо яке аз фаъолтарин аъзои эътилофи ҷаҳонии зиддитеррор буд ва мемонад. Ӯ афзуд, ки ҷониби Амрико аз онҳо имконоти бештари транзитӣ ба хотири интиқоли молу колои ғайризомӣ ба Афғонистонро дархост кард ва Душанбе розӣ шудаааст, ки чунин имконотро дар ихтиёри Вошингтон қарор диҳад.
XS
SM
MD
LG