Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқотҳои Ҳолбрук дар Исломобод


Ричард Ҳолбрук, фиристодаи нави Иёлоти Муттаҳида барои Афғонистон ва Покистон имрӯз дар Исломобод бо мақомоти Покистон стратегияи мубориза бо Ал-Қоъида ва Толибонро дар марзи Афғонистону Покистон баррасӣ кард. Вай бо президенти Покистон, Осифалӣ Зардорӣ ва сарвазир Юсуф Ризо Гилонӣ мулоқот кард. Ин аввалин сафари Ҳолбрук ба минтақа ба ҳайси намояндаи вижаи ҳукумати Обама аст. Президенти Иёлоти Муттаҳида дишаб дар як нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед гуфт, талошҳои ҳарбӣ ва дипломатии баҳамзадани паногоҳи террористон дар минтақа ҳамоҳангии ҷиддиро мехоҳад.
XS
SM
MD
LG