Пайвандҳои дастрасӣ

Бо ташдидшавии бӯҳрони иқтисодӣ муҳоҷирони корӣ дар Русия ду баробар бештар бо масъалаҳои адами пардохти маош, хушунат ва таҳдид аз ҷониби сохторҳои қудратӣ рӯбарӯ мешаванд.

Ин аст хулосаи таҳқиқоти созмони Дидбони ҳуқуқи башар - Human Rights Watch, ки дар миёни 146 муҳоҷири корӣ анҷом шудааст, ки дар наздики 50 шаҳру манотиқи Русия кору фаъолият мекунанд. Таҳқиқот дар соли 2008 анҷом ёфта пурсишҳо дар миёни муҳоҷирони корие анҷом шудааст, ки дар риштаи сохтмон дар миёни солҳои 2006-2007, яъне дар давраи авҷи корҳои сохтмонӣ дар Русия кор кардаанд. Аз беш аз нӯҳ миллион муҳоҷирони кории Русия 40 дар садашон дар риштаи сохтмон кор мекунанд.

Мария Лиситсина, муҳаққиқи созмони Human Rights Watch дар умури Аврупо ва Осиёи Марказ (Маскав) дар робита бо хулосаҳои аслии ин пурсиш дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт:

Human Rights Watch: Ҳоло, ба назари мо, дар давраи бӯҳрони сартосарии молӣ мавридҳои поймолшавии ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ боз ҳам бештар мешавад. Аз ҳамин хотир ҳам, хеле муҳим аст, ки ҳам мақомоти Федератсияи Русия ва ҳам кишварҳои содиркунандаи нирӯи корӣ тадбирҳои амалиро барои ҷилавгирӣ аз ингуна қонунвайронкуниҳо дар шароити бӯҳрони молӣ андешанд.

Озодӣ: Кадом навъи қонунвайронкуниҳоро нисбати муҳоҷирони корӣ шумо метавонед таъкид кунед?

Human Rights Watch: Мо мавридҳои зиёди помокунии ҳуқуқи муҳоҷиронро сабт кардем: аз маош маҳрум кардани коргарон сар карда то ҳодисаҳои тиҷорати одамон ба хотири ба кори маҷбурӣ водор кардани онҳо. Махсусан, мо чанд ҳодисаеро қайд кардем, ки дар онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон қурбони мавридҳои тиҷорат ё қочоқи инсон шуда а баъдан маҷбуран кор фармуда шудаанд. Ин ҳодисаҳо дар вилоятҳои Ростов ва Краснодар ба қайд гирифта шудааст. Дар ингуна ҳолатҳо шиносномаҳои қурбониҳо мусодира шуда, онҳоро маҷбур мекунанд як муддати муайян бидуни пардохти ҳаққи заҳматашон кор кунанд. Ғайр аз ингуна мавридҳои бисёр бад, мо инчунин ҳодисаҳои дигари марбут ба вайроншавии ҳуқуқи муҳоҷиронро ба қайд гирифтем. Масалан, ба муҳоҷирони зиёд аслан ҳаққи хизматашонро пардохт намекунанд, ва ё маоши аввалро медиҳанду баъдан ин мардуми бечора бояд бо умеде барои рӯзе баргаштани маошашон зиндагӣ кунанд. Қариб ҳамаи муҳоҷирони корие, ки мо бо онҳо ҳамсӯҳбат шудем, мегӯянд, ки бо тамаъҷӯӣ ва гоҳо хушунати ходимони милиса рӯбарӯ мешаванд. Ҳамчунин мо маълум кардем, ки кордиҳандагон ва миёнаравҳо, миёнаравҳои хеле зиёд низ ҳуқуқи муҳоҷиронро поймол мекунанд. Муқаррароти марбут ба шароити кор ё ҳифзи ҷони коргарон риоя намешавад ва ин боиси рӯй додани ҳар гуна ҳодисаҳои фалокатбор мешавад. Дар сурати набуди қарордоди корӣ, шахс аслан берун аз ҳифзу ҳимояти давлат қарор мегирад.

Озодӣ: Кадом навъи қонунвайронкуниҳо бештар нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон роҳ дода мешавад?

Human Rights Watch: Муҳоҷирони Тоҷикистон, Ӯзбакистон ва гоҳо Қирғизистон хеле заъфпазиранд. Онҳо ба Русия бо ин умед меоянд, ки шояд наздикону хешу табор ва ё оҷонсиҳои расман сабтшуда ба онҳо барои пайдо кардани кор кӯмак мекунанд. Ва ин мардум бо умеде, ки метавонанд кори шоиставу сердаромад пайдо кунанд, меоянд. Аммо мо мавридҳои ҳам адами пардохти маош, ҳам хушунат ва таҳдид ба хушунат аз ҷониби кордиҳанда ва полисро ба қайд гирифтем. Масалан, вақте ман дар бораи мавридҳои одамрабоӣ бо ҳадафи ба кори маҷбурӣ водор кардани онҳо гуфтам, манзурам ин буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон низ қурбони ин ҳодисаҳо мешуданд.

Озодӣ: Аз рӯи маълумоти шумо, оё полис бо таҳқиқи ин ҳодисаҳо машғул аст ва ё ин танҳо он маълумотест, ки муҳоҷирон дар ихтиёри шумо гузоштанд?

Human Rights Watch: Дар як ҳолат органҳои ҳифзи қонун мудохила кардаанд ва ҳоло таҳқиқи ин ҳодиса аз рӯи парвандаи ҷиноӣ идома дорад. Аммо ин истисно аст. Мушкили усулӣ ва аслӣ ҳам ин аст, ки агар муҳоҷир қарордоди корӣ надошта бошаду мақоми кориву ҳуқуқии вай танзим нашуда бошад, пас дар сурати бархӯрди вай бо милиса ё дигар сохторҳои ҳифзи тартибот, масъалаи мақоми ҳуқуқии муҳоҷир пеш меояд. Ва дар ин гуна ҳолатҳо, масъалаи вайрон шудани ҳуқуқи ӯ ё аслан пардапӯш мешавад ва ё ба навбати дуюм мегузарад. Ба назари мо, сиёсати ҳукумати Русия нисбати ҳуқуқи муҳоҷирони бидуни мақоми расмӣ бояд ҷиддан бознигарӣ шавад. Аксар вақт шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар сокинони ҷумҳуриҳои Муштарак-ул-Манофеъ бо ингуна ҳолатҳо дучор мешаванд.

Озодӣ: Мария, пешбиниҳои шумо акнун чӣ гуна аст - бо назардошти ин ки бӯҳрони иқтисодӣ амиқтар мешавад ва аз сӯе, бар асари кам шудани кор бисёриҳо ба хонаҳои худ бармегарданд, аммо онҳое, ки ночор ҳастанд, бо умеде барои дарёфти кори хурде ҳам дар Русия боқӣ мемонанд? Оё дар чунин шароит вазъ чӣ гуна хоҳад шуд?

Human Rights Watch: Мо нигарон ҳастем, ки хатарҳое, ки дар бораашон гуфтем, боз ҳам бештар хоҳад шуд ва кордиҳандагон аз бӯҳрони мавҷуда сӯиистифода карда, ҳар чи бештар аз додани ҳаққи заҳмати муҳоҷирон саркашӣ хоҳанд кард. Ва бо ин ки мардум ҷойҳои кории худро аз даст медиҳанд, кӯшиш хоҳанд кард худро ба ҳар дар зананду аз ҳар имконият барои кор истифода кунанд. Аз ин назар, хатари ба корҳои иҷборӣ ҷалб шудани онҳо ҳам афзоиш хоҳад ёфт. Мо мебинем, ки дар Русия шумори ҷиноятҳое афзоиш меёбад, ки бар асоси адовати милливу нажодӣ рӯй медиҳанд. Ва агар ба хотири маҳкум кардани ин ҷиноятҳо ва гуфтани ин ки ҳама муҳоҷирон дорои ҳақу ҳуқуқ ҳастанд дар болотарин сатҳ тадбирҳои сареъ андешида нашавад, бӯҳрони иқтисодӣ вазъи муҳоҷиронро боз ҳам сахттар хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG