Пайвандҳои дастрасӣ

Муаллифи таҳқиқоти анҷомшудаи «Афсонаҳои сеҳрангези Бадахшон», номзади илмҳои филология Гулниссо Ризвоншоева ба натиҷае расидааст, ки дар афсонаҳои мардуми Бадахшон тасвири шоҳи одил бартарӣ доштааст, аммо шоҳи золим низ яке аз чеҳраҳои меҳварии афсонаҳо будааст.

Вай гуфт, ки мардум ҳамеша ҷонибдори шоҳи одил ва халқпарвар буда, ба ин орзуи худ тавассути афсона ҷомаи амал пӯшондани мешуд. Дар афсонаҳо ягонагии шоҳ ва раият гарави мамлакати ободу осуда тасвир гардидааст, аммо дарки ин ягонагӣ дар ҳолатҳои хеле кам андар кам иттифоқ афтодааст. Ба гуфтаи муҳақиқ, дар бархе аз маворид шоҳ аз ҷониби неруҳои муқобил аз тоҷу тахт маҳрум мешавад ва раият боз тоҷу тахтро ба шоҳ баргардонда ӯро ба маснад мешинонанд.

Дар тавтеа, дассиса ва ва суиқасд бар зидди шоҳ дар афсонаҳо одатан дарбориён, муқаррибони шоҳ, шоҳзода ва ё шоҳи иқлими дигар ва ё кишвари ҳамсоя ширкат мекунанд. Илоҷи халоси аз таҳдиди шоҳҳони кишвари ҳамсоя дар афсонаҳо гузашт, муросо ва ҳатто хешу табори ҷустан бо онҳо будааст .

Гулниссо Ризвоншоева баён дошт, дар афсонае шоҳ мегӯяд, ки агарчи Қаработур душмани ман аст, аммо ба хотири оромии мамлакат мабур ҳастам, ки бо вай хеши ҷуям. Шоҳи афсонаҳои мардуми Бадахшон содда, зудбовар аст ва ин гузашту мулоимиашро дарбориён ва надимонаш суистифода мекунанд. Боигарии хазина, ки шоҳ барои беҳбудии мардум равона мекунад, дар бештари маворид ба дасташон нарасида, аз тарафи вузаро ва надимон тороҷ мешавад. Ба гуфтаи муҳаққиқ, дар афсонаи «Бахти баргашта» шоҳ аз вазъи воқеъии мамлакат, аз ҳоли мардуми нимсеру нимгурусна танҳо вақте бохабар мешавад, ки либоси қаландари ба тан мекунад.

Аммо «Мурғаки сеҳрнок», яке аз афсонаҳоест, ки бозгӯи симои шоҳи золиму мардумозор будааст. Ба гуфтаи муҳаққиқ, дар ин афсона агарчанде, шоҳ дорои махзани пур аз тилло ва ҷавоҳир аст, аммо боз ҳарис буда, ба ягона дороии пирмард – мурғе, ки тухми тиллоӣ меорад, чашм аъло мекунад. Аммо азбаски ин мурғ дар хонаи шоҳ тухми тиллоӣ намеорад, бо фармони шоҳ аз вай сихкабоб тайёр мекунанд.

Ба гуфтаи муҳаққиқ, аммо дар афсонаҳо ахиран бо нерӯи мардуми ба шур омада шоҳи золим аз тахт барканор шуда, ҷояшро одатан чупонбача ва ё боғбонбача мегирад. Аммо василаи расидан ба қудрати ин афрод на зури бозу ва силоҳ, балки нишастани бози давлат ба китфашон будааст, ки дар чунин ҳолатҳо мардуми ҷамъшуда барои интихоби шоҳ онро чун қуръа сар медоданд. Ба гуфтаи муҳаққиқ, ин ҷанбаи афсонаҳо ба он ишора мекунад, ки подшоҳи меросӣ набуда, балки ҳар шахси зираку доно ва ботадбир метавонад ба ини мақом баргузида шавад.

Ба гуфтаи муҳаққиқ, аммо вазир дар афсонаҳо одатан шахси оқил, доно ва ботадбир буда, чун воситаи ёридиҳанда барои комил кардани симои подшоҳ истифода мешаввад. Аз сӯи дигар бархе аз тавтеаҳои дарборӣ бо ширкати вазир ба вуқуъ мепайванданд. Аммо ба фикри муҳаққиқ, агар подшоҳи заъифтарин дар афсонаҳо «сояи худо» бошад, дар бештари маворид нақши вазир ба дараҷае хира аст, ки вазирро наметавон ҳатто сояи шоҳ номид. Дар афсонаҳо вазире, ки мехоҳад ба подшоҳ изҳрори назар кунад, одатан ба кунҷи зиндон кашида мешавад. Ба гуфтаи муҳаққиқ дар афсонаи «Бангӣ» шоҳ барои халос шудан аз чунин вазири «гапнодаро» ва «маслиҳатчӣ» ҳатто як шахси муҳтоди бангро ба ҷояш таъин мекунад. Зеро бангӣ агарчи «забони тез» дорад, аммо барои иҷрои гуфтаҳо ва нақшаҳояш қодир намебошад. Ба фикри муҳақиқ, шоҳи афсонаҳои мардуми Бадахшон аз вазири неруманд хавф бурда, ба баргуздани вазири нақшаш ноаён дар давлатдори манфиатдор мебошад.

Гулниссо Ризвоншоева мегӯяд, дар давраҳои душвор одатан афсонаи «шоҳи бетадбир» ва дар муқобили он афсонаи «шоҳи ботадбир» бофта шуда, гуяндагону шунавандагон худро ба умеди рӯзҳои беҳтару хубтар тасалло медоданд. Вай меафзояд, ки китоби «Афсонаҳои сеҳрангези мардуми Бадахшон » ба дасти чоп супорида шуда, пас аз чанде дастраси хонандагон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG