Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷонибдории мухолифин аз пойгоҳи низомии Манас


Ба ақидаи мухолифони низоми Боқиев, баъди хуруҷи нерӯҳои ИМА аз қаламрави Қирғизистон амнияти кишварашон ба хатар мувоҷеҳ хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки кумитаи дифоъ ва амнияти порлумони ин кишвар хуруҷи нерӯҳои эътилофи зидди террор аз пойгоҳи Гансии фурӯдгоҳи «Манас»-ро ба тасвиб расонд.

Дар ҳамин ҳол Назарбек Нишонов, раҳбари ҷунбиши мардумии ватанпарастони Қирғизистон, мегӯяд, ки иқдоми ахири ҳукумати кишвараш ҷиҳати хуруҷи нерӯҳои ИМА аз пойгоҳи Гансӣ амнияти Қирғизистонро зери суол қарор хоҳад дод. Ба гуфтаи Назарбек Нишонов, хуруҷи нерӯҳои низомии ИМА аз фурудгоҳи Манас ба амнияти миллӣ ва барқарории суботи Қирғизистон таъсири манфӣ хоҳад гузошт.

Раҳбари ҷунбиши мардумии ватанпарастони Қирғизистон мӯътақид аст, ки арзишҳои демократӣ дар кишвараш мунтазам коҳиш меёбад ва аз эҳтимол холӣ нест, ки Қирғизистон ба кишвари диктотурӣ табдил ёбад. Бино ба гуфтаи Назарбек Нишонов, ҷунбиши ватанпарастони Қирғизистон тавассути сафорати ИМА дар Бишкек унвонии Барак Обама, раисҷумҳури ин кишвар, як нома ироъа кардааст. Мавсуф гуфт, ки дар ин нома ҷунбиши мардумӣ таъкид кардааст, ки тасмими ҳукумати Қирғизистон дар мавриди берун кашидани низомиёни амрикоӣ аз хоки кишвар тасмими сиёсист ва гӯиё Русия дар ин маврид ягон нақш надорад.

Гуфта мешавад, ки аммо изҳороти президент Боқиев дар Маскав баёнгӯи он гардид, ки Қирғизистон истиқлолияти худро зери суол хоҳад монд ва дубора зери таъсиру фишори Русия қарор хоҳад гирифт.

Бақит Бешимов, раиси ҷиноҳи ҳизби сосиал-демократи Қирғизистон, мегӯяд, ки дар ҳамин ҳол истиқрори нерӯҳои эътилофи зидди террор дар хоки кишвараш аз манфиатҳои миллии мардуми Қирғизистон ҳимоят хоҳад кард. Ба гуфтаи ҷаноби Бешимов таъмини амният ва суботи Қирғизистон масъалаи аввалдараҷа маҳсуб мешавад. Вай афзуд, набояд тақвияти нерӯҳои Толибони Афғонистонро сарфи назар намуд, ки дар оянда метавонад, суботи минтақаи Осиёи Марказиро ба хатари ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳад кард.

Темир Сариев, яке аз мухолифони низоми Боқиев, ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар пойгоҳи низомии «Манас» дар радифи нерӯҳои ИМА боз низомиёни 12 кишвари эътилофи зидди террор мустақаранд. Ба гуфтаи Темир Сариев дар ҳоле ки терроризми байнулмилалӣ нерӯмандтар мешаванд, аз қаламрави Қирғизистон берун кашидани низомиёни эътилофи зидди террор ҳаргиз ба мақсад мувофиқ нест. Темир Сариев мегӯяд, агар ташаббуси хуруҷи низомиёни эътилофи зидди террор аз ҷониби ин низомиён сурат мегирифт, он гоҳ ҳукумати кишвараш метавонист, ин ташаббусро дастгирӣ кунад.

Аммо чунин ба назар мерасад, ки хуруҷи нерӯҳои зидди террор аз қаламрави Қирғизистон ногузир хоҳад буд. Қодирбек Сарбаев, вазири хориҷаи Қирғизистон, гуфт, ҳукумати кишвараш тасмими худро ҷиҳати хуруҷи нерӯҳои эътилофи зидди террор эълон дошт ва ин мавзӯъ бо соири кишварҳое низ матраҳ хоҳад шуд, ки дар амалиёти зидди террор дар Афғонистон мушорикат доранд.

Дар ҳамин ҳол порлумони Қирғизистон мушаххас нанамудааст, ки вакилони мардумӣ кай масъалаи хуруҷи нерӯҳои эътилофи зидди террор аз хоки ин кишварро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Ба гуфтаи коршиносон ҷониби Амрико низ ҳанӯз номаи расмии мақомоти қирғизро ҷиҳати бастани пойгоҳи низомии Манас ба даст наовардааст.
XS
SM
MD
LG