Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши бесаводӣ дар байни духтарони тоҷик


Шаҳнозаи 18-сола, ки пас аз хатми синфи якум дигар ба мактаб нарафтааст, аз хатту савод танҳо ҳамин имкониятро дорад, ки номи худ ва онро ҳам бо хато нависад.

Ҳарчанд Шаҳноза бинобар канор мондан аз таҳсил савод надорад, аммо дар Тоҷикистон чунин мисолҳое, низ ба чашм мерасанд, ки пас аз 11 соли таҳсил, хатмкардаи мактабҳо дар иншои исми худ мушкил мекашанд.

Ҳарчанд омори расмӣ аз мактаб дур мондани танҳо духтаронро дар Тоҷикистон наздики 30 дарсад мегӯянд, бо ин вуҷуд дар кишвар то имрӯз теъдоди мушаххаси бесаводон ва ё афроди аз таълим канор монда вуҷуд надорад. Агарчӣ феълан дар Тоҷикистон мувофиқ ба талаботи қонуни маорифи кишвар таълими ҳатмӣ то синфи 9 ҷорист, дар ин авохир вазорати омӯзишу парвариш аз тасмими то синфи 11 ҳатмӣ кардани таҳсилро хабар дод.

Ин ҳам дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, таҳсил дар мактаб ва ҷалби ҳатмии кӯдакон ба таълим ҳанӯз маънои босаводии онҳоро надорад. Ба бовари таҳлилгаронии иҷтимоӣ, пас аз солҳои ҷанги дохили сатхи омӯзиш дар мактабҳои кишвар коҳиш ёфтааст, ки ин аз заифии сохаи маориф далолат медиҳад.

Дар ин зимн устодони макотиби кишвар низ вуҷуди бесаводонро дар миёни донишомӯзон рад намекунанд ва бар инанд, ки аксаран бо иллатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ атфод аз дарёфти хатту савод канор мемонанд.

Бунафша Ғаниева, як омӯзгори собиқадори тоҷик, мегӯяд, мушкили бе хату савод мондани ҷомеа ба андозае печида аст, ки ба осони онро наметавон хал кард. Ба андешаи хонум Бунафша, дар сурати идома ёфтани ин вазъ Тоҷикистон дучори мусибат хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG