Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳаммад, як муҳоҷири кории тоҷик, ки 10 соли умри худро барои бунёди биноҳои баландошёнаву зебо дар Русия сарф кардааст, акнун мехоҳад нерӯи худро барои сохтмонхои тозабунёди Тоҷикистон сарф кунад.

Аммо мегӯяд вай, дар тӯли ду моҳе , ки дар яке аз сохтмонҳои шаҳри Душанбе кор кардааст, бо бастаи мушкилоте рӯ ба рӯ омадааст. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар аксари бозорҳои кор, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад, бештари муҳоҷирон касбҳои марбут ба умури сохтмониро ҷӯстуҷӯ ва интихоб мекунанд. Зеро нисбат ба дигар корҳои пешниҳодӣ маош дар ин арса нисбатан баландтар аст ва камаш 600 сомонӣ муодили 160 долларро ташкил мекунад.

Шукурҷон Зуҳуров, вазири кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон, мегӯяд, ки барои муҳоҷирони баргашта ба ватан беш аз 150 ҳазор ҷойи корӣ таъсис ёфтааст ва давлат иқдомотеро барои ҷилавгирӣ аз афзоиши бекорӣ анҷом медиҳад. Аз ҷумла дар ҳамин моҳи соли равон 2 бозори кор ташкил шудааст, ки дар яке аз онҳо ахиран 125 корхона барори бекорон беш аз 6 ҳазор ҷойи корро пешниҳод кардаанд. Вале аз миёни 11 ҳазор корҷӯ танҳо наздики 1300 нафар шуғли дилхоҳашонро пайдо карданд.

Абдураҳмон Хонова, корманди кумитаи кор бо ҷавон варзиш ва сайёҳӣ, мегӯяд, ҷойҳои кори пешниҳодӣ дар бозори кор аксар вақт таваҷҷӯҳи корҷуёнро ба худ ҷалб намекунанд. Ба гуфтаи ӯ, аксаран ҳақмузди миёнае, ки дар бозори кор пешниҳод мешавад баробар ба 300 сомонӣ муъодили 90 доллари амрикоист. Аммо барои мутахасисони компютер ва ҳуқуқдонҳо маоши нисбаттан болотар аз 500 то 700 сомонӣ таъин шудааст. Вале ҳатто ин маош низ наметавонд нафаронеро,ки то ин дам дар Русия музди кори бештар мегирифтанд қаноатманд созад.

Дар ҳамин ҳол масъулини агентии ҳифзи иҷтимоии кишвар ният доранд дар соли равон наздик ба 16 бозори корро ташкил бидиҳанд. Аммо бо ин ҳама Муҳаммади 35-сола, қаҳрамони мо, пас аз кори номуваффақонааш дар сохтмони шаҳри Душанбе қасд дорад дигарбора Русия биравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG