Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон гуфтушунид бо Амрикоро имконпазир номид


Раиси ҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, имрӯз гуфт, кишвараш ба гуфтушунидҳо бо Иёлоти Муттаҳида, дар ҳоли бар адл ва эҳтироми тарафайн поя доштани онҳо омода аст. Вай ин нуктаро дар раҳпаймоие ба муносибати 30-солагии инқилоби исломии соли 1979 эълон кард. Вай инчунин гуфт, тағйироте, ки ҳукумати президент Барак Обама бояд дар нисбати Эрон бикунад, "бунёдӣ, на токтикӣ" бошанд. Даҳуми феврал дар Эрон аз солгарди инқилоби исломӣ таҷлил мешавад, ки пас аз фирори шоҳ ва бозгашти оятуллоҳ Хумайнӣ аз ғурбат ба вуқӯъ пайваст. Аз он вақт ба баъд равобити Амрико ва Эрон ба думболи гаравгонгирии кормандони сафорати Амрико дар Теҳрон қатъ шудаанд.
XS
SM
MD
LG