Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздиди президенти Фаронса аз Ироқ


Президенти Фаронса, Николас Саркозӣ, бо як сафари эълоннашуда вориди Бағдод, пойтахти Ироқ шуд. Ин аввалин сафари сардори давлати Фаронса аст аз оғози ишғоли Ироқ аз тарафи нерӯҳои таҳти раҳбарии Амрико дар соли 2003. Фаронса ба ин барномаи ишғол мухолиф буд. Саркозӣ бо президенти Ироқ, Ҷалоли Талабонӣ ва сарвазири ин кишвар, Нурӣ ал-Моликӣ мулоқот хоҳад кард. Раиси ҷумҳури Фаронса ҳамчунин аз дигар кишварҳои минтақа -- Баҳрайн, Кувайт ва Уммон дидан хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG