Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз 30 солагии Инқилоби Исломии Эрон аст


Интизор меравад, ки имрӯз ҳазорон нафар дар Теҳрон-пойтахти Эрон дар роҳпаймоие ба муносибати 30-юмин солгарди Инқилоби Исломии Эрон ширкат ҷӯянд. Соли 1979 дар натиҷаи ин инқилоб шоҳи Эрон, ки Амрико аз вай ҳимоят мекард, сарнагун шуд. Қарораст, ки Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон дар робита бо ин рӯз дар баробари гирдиҳамомадагон дар Майдони Озодӣ суханронӣ кунад. 10-ӯми феврал бо пирузии Инқилоби Исломии Эрон ва бозгашти Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ-поягузори Ҷумҳурии Исломӣ аз ғурбат мусодиф аст.

XS
SM
MD
LG