Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози нармиш дар муносиботи Эрон ва Амрико


Раиси порлумони Эрон Алӣ Лориҷонӣ

Раиси порлумони Эрон Алӣ Лориҷонӣ

Раиси порлумони Эрон Алӣ Лориҷонӣ аз Амрико даъват кард, ки нақшаҳояш дар мавриди Ховари Миёнаро аз роҳи дипломатӣ муаррифӣ намояд.

Дар нишасти матбуотӣ баъд аз вохурӣ бо нахуствазири Испания Хосе Луис Родригес Запатера дар Испания Лориҷонӣ гуфт, агар амрикоиҳо нақшае дошта бошанд, пас бояд онро аз роҳҳои дипломатӣ дастраси ҳамагон кунанд. Вай афзуд, ки дипломатияро маҳз барои чунин мавридҳо ихтиро кардаанд.

Лориҷонӣ инчунин иброз дошт, ки агар Эрон ҳис кунад, ки дар ҳақиқат роҳи ҳалли воқеии мушкилиҳои минтақа вуҷуд дорад, агар мақомоти Теҳрон ҳис кунад, ки дар сиёсати Амрико тағйироти на тактикӣ, балки стротежӣ ба амал омадааст ва гуфтушунуд бо Эрон ба манфиати миллӣ ва минтақави мусоидат хоҳад кард, Эрон ин роҳро озмоиш хоҳад кард.

Сухангӯи ҳукумати Испания иттилоъ дод, ки зимни музокирот бо Запатера раиси порлумони Эрон омодагии Кохи сафед ба гуфтушунуд бо Теҳронро истиқбол карда, онро муҳимтарин тағйироти сиёсӣ номид.

Лориҷонӣ гуфтааст, ки муовини раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар бораи ин тағйироти ҷиддӣ дар сиёсати берунаи ИМА зимни суханрониаш дар Мюнхени Олмон 7-уми феврал эълом кард.
Сухангӯи ҳукумати Испания афзуд, ки Лориҷонӣ суханронии Байденро дастгирӣ ва онро хеле мусбат арзёбӣ намудааст.

Дар он нутқаш Байден гуфт, ки ИМА ба муколама бо Эрон боз аст. Ин дар ҳолест, ки Вошингтону муттаҳидони ғарбиаш бовар доранд, ки Теҳрон дар зери пӯшиши барномаи сулҳомези ҳастаиаш кӯшиш дорад ба тавлиди силоҳи атомӣ даст ёбад.
Байден ба вижа гуфт, ки Амрико мехоҳад бо Эрон музокира анҷом дода, интихоби бисёр рушанро пешниҳод кунад. Агар Эрон самти интихобкардаашро идома диҳад мавриди инзивоъи бештар ва афзоиши фишор қарор мегирад ва агар Теҳрон аз барномаи баҳсбарангезаш ва аз пуштибонии терроризм даст кашад, вайро имтиёзҳои арзанда мунтазиранд.

Ин дар ҳолест, ки Теҳрон иддао дар бораи он, ки барномаи ҳастаиаш ягон таркиби низомӣ дорадро қотеъона рад намуда, ба ғанисозии ураниум идома медиҳад. Эрон мегӯяд, ҳадаф аз ғанисозии ураниюм даст ёфтан ба нерӯи арзони барқ аст.
Барои водор кардани Эрон ба қатъи ин барнома қудратҳои ҷаҳонӣ ба он кишвар як баста имтиёзҳои сиёсӣ ва иқтисоди пешниҳод намуданд.

Аз нигоҳи таҳлилгарон суханони Байден аз ба амал омадани тағйирот дар сиёсатӣ берунаи Амрико нисбат ба Эрон шаҳодат медиҳад. Баъд аз инқилоби исломӣ сӣ сол қабл миёни Эрон ва Амрико равобити дипломатӣ вуҷуд надорад ва ҳукумати собиқ раисҷумҳур Ҷорҷ Буш Теҳронро узви меҳвари шарорат хонда буд.
XS
SM
MD
LG