Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши таваҷҷӯҳ ба масъалаҳои Афғонистон


Дарёсолор Майк Муллен-раиси ситоди муштараки нируҳои мусаллаҳи Амрико мегӯяд, кишвараш вазоифи худро дар Ироқ ҳанӯз анҷом надодааст вале таваҷҷуҳи аслии низомиён ба ҷанг дар Афғонистон маътуф хоҳад шуд. Оқои Муллен зимни суханони худ ба сарбозони амрикоӣ дар Форт Друм дар аёлати Нию Йорк гуфт, интизор меравад, ки аз 20 000 то 30 000 нафар низомӣ барои мубориза бар зидди шӯришиёни Толибон ба Афғонистон фиристода шаванд. Аммо вай афзуд, танҳо аз роҳи низомӣ наметавон дар ҷанги Афғонистон пирӯз шуд. Бо низомиён бояд дипломатҳо ва ожонсиҳои дигар низ ҳамроҳӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG